Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале Амина ба саволи ў ҷавоб надода гурехт, Ниёз ба Амир нигарист, ки ин гапи ў чӣ маънӣ дорад, ў китфон дарҳам кашид, ки аз ин сирр огоҳ нест...
... Маликбой омад. Равшанбой дастархони пурнозу неъмат орост ва дар сари ин дастархон Ниёзро низ даъват карданд, вале Амир набуд.
— Маликбой, – ба гап даромад Равшанбой, – аз шумо миннатдорем, ки чунин писари ҳушёру зиракро ба даргоҳи ман овардед. (Маликбой миёни сухани ў таъзим кард). Ман инро писари худам медонам..
— Албатта, – миёни сухани ўро бурид Маликбой.
— Ман мегўям, ки ин писар ояндаи дурахшон дорад. Замона ҷунбише дорад, Маликбой. Аз боло, аз Урусия хоҳиш мекунанд, ки фарзандони мо хонанд. Азбаски мо Ниёзбойро фарзанди калонӣ ва писари аз ҳама доноямон гуфтем, ба эшон хабар додем, ки Ниёзбойи мо барои хондани мактаби туземии Оренбург меравад. Шумо ба ин чӣ маслиҳат медиҳед? Ҳамчун амаки калонӣ чӣ маслиҳат медиҳед? – маккорона гуфт Равшанбой.
— Ниёзбой писари калон, ин масъаларо худаш хуб мефаҳмад...– маккорона тасдиқ кард Маликбой ва сухан дар даҳонаш, садои касе аз берун омад, ки воҳимаангез буд.
Равшанбой ба дигарон бовар накарда ва чӣ будани гапро донистанӣ шуда, худ берун баромад ва ҳамон лаҳза садояш омад:
— Тақсирам, корҳо хуб нест... – баъди салому алейк гуфт ў, вале бой сухани ўро бурид:
— Зудтар бигўй!
— Дар кони Заврон қиёмат қоим шуд...
— Хона бидаро, ҳарфатро намефаҳмам!
Бой ўро хона бидаровард, вале фаромўш кард, ки Ниёзро берун рав гўяд. Ва шояд ҳоло бой ўро аз ҳама азиз медонист.
— Хўш, чӣ шуд? – ўро шинонда ва омин гуфта пурсид бой.
— Тақсирам, коргарони кон шўриш карда, чандеро куштанд.
Аз ҷумла, Мирзобадалро...
— Ё парвардигоро, ин чӣ қиёматест? Чӣ шўрест, ки зердаст забардастро бикушад? Магар дунё охир шудаст? – рост бархеста, овоз баровард Равшанбой.
— Осуда бошед, Равшанбой, ин ҷо саҳве ҳаст.
— Ҳеҷ саҳве нест, тақсир, – даст пеши бар гирифта гуфт қосид, – Бобурро низ куштанӣ буданд, ў гурехт... Чанги ангишт рўи ҳамаро сиёҳ кард...
— Сабаб чӣ будаст? – боз пурсид бой.
— Мирзобадал пули коргаронро надодаст ва гуфтаст, ки Бо-
1 бур фармуд.

  1. Бобур – Боуэр, марди немисе, ки дар Заврон кони ангишт кушода буд — Фоли нек нест, порсол тоқбегиҳоро кушта буданд, имсол сардорони конро мекушанд, фардо...
пешина
аз 279
навбатӣ