Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фурсати боб, аспи хушрафтору бақувват; афсўс, ки раҳро надонад ва боз баччаи танҳоро рўи чунин асп дер нагузоранд; зеро чунин асп ба ҳар роҳзану ғоратгар лозим. Ў ниҳоят ба Ғузор омад; роҳеро ки одамон дар як рўз тай мекунанд, Ниёз бо саманди бодпо дар чанд соат тай кард. Хабарро ба Маликбой расонд ва зуд сари аспро гардонд ва шитобе, ки дар омад дошт, дар бозгашт надошт. Ў лаҷоми аспро дар қоши зин баст ва ихтиёрро ба асп дод, то чӣ ранге хоҳад, қадам занад. То шому говгум ба даргоҳи Равшанбой расад, мешавад... Саманд ба назар қадам мешумурд; андешаманд буд, чунон ки Ниёз: Ниёз саргузашти кўдаконаашро пеши назар овард ва ҳама чизро фаромўш карда чунон ба гузашта дода шуд, ки аз роғҳои пули Муғоб хўсидани саманд ўро ба худ овард. Саманд сар хам карда, пулро бўй кашида, сўрохиҳои он обро равшан дида, пой мегузошт ва Ниёз ҳайрон буд, ки ҳайвон ҳам ин қадар зирак мешудааст. Шояд сабаби безобитагии Равшанбой ғайб задани Ниёз не, балки аз даст рафтани саманд бошад...
— Гуфтӣ? – баргаштани ўро бесаброна мунтазир будааст, ки баробари аз дарвоза ворид гаштан пеш омада пурсид Равшанбой.
— Гуфтам, – аз асп фаромада ҷавоб дод Ниёз. Амир тозон назди ў омад.
— Офарин! Писар ҳамин хел мешавад. Ман дигар ба аспсавории шумо монеъ намешавам. Бозӣ кунед!
Амиру Ниёз ба ҳамдигар нигаристанд, бой ба ҳавлии дарун рафт. Ниёз аспро ба яккамех сахт баст, рўи замин ба шикам дароз кашид, то гуруснагӣ ва хастагию кўфти роҳро рафъ бикунад.
«Гуфтам ба ту, гуфтам ба ту, ки гурез!» – садои Амина баромад.
«Аз чӣ гурезам, Амина? Чаро гурезам Амина?» – бархоста гуфт Ниёз.
«Аз аспсаворӣ, ин аспи ганда, чанд касро ғалтонда кушт», – чӣ гуфтанро надониста ҷавоб дод Амина ва ба бародараш нигарист, то гапашро тасдиқ кунад.
«Накуштаасту ҳамту ғалтонд», – барои дурўғгў нашудани хоҳаракаш гуфт Амир.
«Гапи падарат рост аст, Амир?» – пурсид Ниёз.
— Кадом гапаш?
— Тую Амир - писарони ман, мегўяд.
— Рост.
— Набошад чаро маро ба мактаб намемонад?
— Мемонад...
«Ман гуфтам-ку, гурез! – тоқат накард Амина, – Туро ба мактаб фиристоданӣ».
— Чӣ хел?

пешина
аз 279
навбатӣ