Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Ҳамин хел. Ман ба ҳама чиз бовар дорам, лекин мебииам, ки калонсолон кўдаконро фиреб мекунанд, дилам мемонад; дилам танг шуда то гулўям меояд, мефаҳмӣ, то гулўям меояд, то баромада равад. Лекин вақте ки ҳамонҳо афсона мегўянд, гапашон дигар хел мебарояд. Наход ки ҳама кори росту гапи дуруст дар афсона бошад?
— Ба фикри ту ҳама кору рафтори дуруст афсона будааст?
— Ман намедонам, Амир... Лекин дар китоби ту чӣ навиштагӣ?
— Ман китоб надорам, лекин дар амбори додом китоб бисёр.
Худаш хонда наметавонад, мударрисро хоҳиш мекунад, ки бихонад.
— Мумкин нест, ки ман ба ҷои ту рафта, хонам, Амир.?
Амир чӣ гуфтанашро надониста китф дарҳам кашид...
... Офтоб аз куҷо баромад, ки Равшанбой ин пагоҳ Ниёзро «писарам» гуфта, даъват кард ва фармуд, ки аспро зин зада, савор шуда, рафта аз чаҳор фарсанг роҳ Маликбойи ғузориро гўяд, ки бегоҳ ба назди Равшанбой расида ояд. «Ту писари калон, бағайрат.
Наметарсӣ-а?» гўши ўро вазнин дониста сахт-сахт гуфт бой. «Не!»
ба ҳамон оҳанг ҷавоб гардонд Ниёз. «Ту қатори Амир, барои ҳамин кор мефармоямат. Худат фаҳм, ки аспи беҳтарин – саманди бодпоро ба ту бовар карда медиҳам». Ниёз таъзим кард ва аз назди ў дур шуд, ки зудтар аспро зин зада савор шавад ва як муддат аз ин макон баромада, нафаси озод кашад. Чунин тезкории ўро бой дида, андаке дилаш раг зад ва вақти аспро аз саисхона баровардан «биист» гуфт. Ниёз бозистод. Бой як ба чашми ў нигарист ва чӣ мехост, ки баъди чашм дошта тавонистани Ниёз «Бирав, ба ту бовар мекунам» гуфт. Ниёз нафаҳмид, ки гапи ў чӣ маънӣ дорад.
Аспро лаҷом кашида аз дарвоза баровард ва савор шуда, бо роҳе, ки Маликбой оварда буд, бозгашт. То ба роҳи калон баромадан, он тарафаш роҳ мебарад. Ниёз ҳамин, ки роҳи сангфарши Панҷакату берунтари онро сипарида, ба роҳи заминӣ баромад, лаҷоми аспро сар дод. Саманди бодпо чунон давид, ки бод Ниёзро ба пас тела медод. Ў ният кард, ки бо ҳамин шасти асп Киштўд рафта аҳволи Сабзинаро хабар гирад ва як нафас сари қабри падару модар нишаста, бозгардад ва сари роҳ ба хонаи Маликбой даромада, хабарро расонад ва он тарафашро намедонад, ки чӣ кор кунад.
Шояд Равшанбой аз ҳамин тарсида бошад, шояд фикр карда бошад, ки ин писари зирак саманди бодпоро гирифта, сўи Қошғар роҳ месипарад. Ин чизро Ниёз аз пеши худ андеша мекунад, зеро Равшанбой қошғарӣ будани ўро намедонад; Ниёз нагуфта буд.
Хавфи бой аз он, ки ба Киштўд нагурезад. Вале Ниёз фурсат наёфт, ки то Киштўд равад. Ў вақти лаҷоми самандро доштан аз нигоҳи Равшанбой пай бурд, ки хавф дорад, хавф дорад, ки ин баччаи ломакони бепарастор аспи нағз ёфт, дигар ба ин мулк барнамегардад, аммо Ниёз барқасд баргаштанист, зеро ў ҷои рафт надорад; Қошғар, ки ба он ҷо расида натавонад, роҳро надонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё