Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Ниёз!» боз аз тори бом садо омад ва Ниёз дар садо чӣ фарқе ҳис кард, ки баргашта нигарист. Аминаи кокулдорро дид, ки ба ишораи даст ўро зери бом даъват мекард. Ниёз зери бом рафт.
— Аз ин даргоҳ гурезед! – оҳиста гуфт духтарак.
— Чаро?
— Баъд мефаҳмед... Гурезед гуфтам, гурезед...
... Вале Ниёз чанд вақти дигар аз ин даргоҳ дур шуда натавонист. Гўё моли фурўхта буд; ҳам дар пой ва ҳам дар гардан занҷиру завлона дошт. Гурезад, ҷои рафт надошт. Дилаш мекашид, ки назди Сабзина равад, вале аз бими Намозу фарзандонаш пояш намекашид.
Амир аз огоҳониданҳои падар тарсида бошад ҳам, боз бо Ннёз пайванди ошноӣ меҷуст. Ва хеле мехост, ки саводи дар мадраса омўхтаашро ба Ниёз низ омўзонад. Вале вақте ки онҳо боз рў ба рў шуданд, Ниёз дигар чиз гуфт:
— Ту дарсата мон, Амир. «Алиф бо лом, забар бе»-ят чӣ маънӣ дорад? Ту як гапе зан, ки ба одам ақл шавад. Аз ин ҳарфат ман чизе намефаҳмам.
— Худам ҳам намефаҳмам, Ниёз, лекин мударрис мегўяд, ки хондан гирӣ, мефаҳмӣ. Ў боз мегўяд, ки мусулмонӣ ба оҳистагӣ.
«Оҳиста бошед, вагарна хомсўз мешавед» мегўяд.
— Чӣ-чӣ?
— Хомсўз...
— Яъне хамири норасида барин?
— Ту ин гапҳоро аз куҷо медонӣ?
— Ин хел гапҳоро мактаб ёд намедиҳад.
— Китоб?
— Не, одамон...
— Набошад, чаро мударрис аз ҳама зиёд медонад?
— Чӣ хел аз ҳама зиёд?
— Аз одамон, ҳатто аз дадаи ман ҳам. Ҳол он ки дадаи ман бой, ҳама чизро бояд донад. Номаш-ба дадаи ман-бой. Ҳама чизро мударрис медонад. Ҳамин ки ў ба меҳмонхонаи мо омад, падарам пайдоиши дунё ва гўру қиёматро мепурсад. Мударрис ҳамаашро медонад; ҳатто пайдоиши одамро медонад. Фақат аз рўи китоб гап мезанад, чунон мегўяд, ки даҳони кас воз мемонад.
— Мебофанд, Амир...
— Ҳеҷ чӣ, намебофанд.
— Мебофанд. Ту ҳам як гапи дурўғро гуфтан гирӣ, дар забонат мешинад. Ва дар ҳар ҷо, ки гуфтан гирифтӣ, мардум бовар мекунанд.
— Ту ким-чӣ хел, Ниёз, ба одам бовар надорӣ.
— Рўзи ман ба сари ту ояд, ту ҳам нобовар мешавӣ.
— Чӣ хел рўзи ту?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё