Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Маълум, ки падарам маро азоб диҳад, ў хурсанд мешудааст», аз дил гузаронд Амир, вале онҳо ҳарду аз таги дили якдигар бехабар буданд. Ниёз хокрўбаро бардошта, аз дарвоза баромад, ки дар хокпартои пушти девори кўҳна рехта биёяд. Ва чун аз дарвоза баромад, даст бар лаб карнай карда, оҳиста садо баровард: «На-та-а-арс!» вале суханаш тамом нашуда овози бой омад:
— Дар он тараф чӣ дидӣ?
Ва Амир як қад парида чашм аз Ниёз канда, саволомез ба рўи падар нигарист...
Ниёз дар назди хокпарто ҳаял кард. Нахост, ки зуд баргашта дучори ғазаби бой шавад, ҳарчанд ки барои дер карданаш гап мешунид. Ў хокандозро рўи девори пастак нигоҳ дошта, хеле ба партовҳо нигарист, қисматашро фикр карда, аз омадан пушаймон шуд. Ва сабабгори ин ҳама бадбахтиҳо амакаш Аёзро, ки ўро аз Қошғар оварда, ба ин балоҳо гирифтор кард, дашном дод. Аз Қошғар намеомад, хуб буд; аз падару модар намемонд, хубтар буд. Ба болои ин ҳама чаро Маликбойи ғузорӣ ўро ба Равшанбойи биникалон пешкаш кард? Магар бо ҳамин ягон қарзашро баробар кард? Ва шояд ягон рамз ва муомилоти дигаре бошад, ки ў надонад. Ҳатто беҳтар мешуд, агар Ниёз ба гапи Сабзина даромада назди ў мемонд. Ва ҳоло аз беруни дарвоза истода таъкиду таҳдиди бойро намешунид:
— Сад бор гуфтам, ки бо ин пойлучи саҳроӣ бозию шўхӣ накун!
Ту аз кадом зотӣ? Ба аспи нағз як қамчин... Ё ту аз ў ягон таълим мегирӣ? А?! Ту феъли маро нағз медонӣ...
«Худоё, аз барои чӣ-а? Аз барои чӣ? Барои кадом гуноҳам?
Барои он ки худат маро ба чунин ҳол овардиву боз бозӣ доронда тамошоям мекунӣ? Ақли кўдакии ман ба ин чиз намерасад...
Худовандо, ман дар ҳаққи ту чӣ кардам? Чаро ба бадкорон ҷазо намедиҳиву ба бечорагон? Агар ҳамааш кори ту бошад, чаро миёни онҳо низоъ меандозӣ? Ё барои ҳамин ба табақаю тойифаҳо ҷудо кардӣ, ки бекор намонда тамошо бикунӣ? Аз баландӣ тамошо кардан осон, вале аз пастиҳо қомат боло кардан осон нест... Ин чизро ту медонӣ. Вале гуноҳи ман чӣ?...»
Гўшҳои Ниёз қуфл зад. Ў гумон кард, ки касе ҳама суханони ботинии ўро шунид ва барои чунин рафтораш аз бой ва боз аз касони дигар гап мешунавад. Ва ҳоло барои ин қадар дар сари хокпарто ҳаял карданаш аз бой ҳарфи нек чашмдор нест. Ў даричаи дарвозаро нимроғ карда даромад ва баробари ба сари хокрўба рафтан чунин садоро шунид: «Ниёз!» Ў овозро шунид, вале қасдан нигоҳ накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё