Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Алиф бо лом, забар бе!» садое омад аз болои бом. Ниёз, ки саисхонаро нав тоза карда буд, баромада диққат дод, ки ин чӣ овозе бошад. «Алиф бо лом, забар бе!» боз такрор шуд ин овоз, вале касе наменамуд. Ниёз медонист, ки ин садо чӣ маънӣ дорад:
алифбои форсиро бо ҳамин овозҳо дарс медоданд. Ў ин суханро дар Қошғар нашунида бошад ҳам, дар Киштўд шунидаасг. Барои ҳамин яқин кард, ки ин овози Амир ва ба ў тариқи дарсхониашонро мегўяд. Амир рўи бом синамол омада сари худро баробари пардабомӣ дошт ва боз ҳамон чизро такрор кард:
— Алиф бо лом, забар бе!
— Яъне чӣ? – қасдан пурсид Ниёз.
— Дарси савод аз ҳамин сар мешавад, – гуфт ў ва ангушт бар лаб гузошт, ки хар истад, вагарна падараш мешунавад.– Ман наздат меоям! – гуфт ў ва гўё омадани падарашро дида бошад, боз синамол пас-пас рафт.
Дарвоза кушода шуда бой баромад. Аз ваҷоҳат ва тарзи нигоҳаш маълум буд, ки ў писарашро меҷўяд. Бой Ниёзро миёнаҷои ҳавлӣ дид, ки хокрўба ба хокандоз мебардорад. Ғазаб, ҳаяҷон ва сухани пешакӣ тайёр кардааш дар гулўяш дармонд, ки сурфид.
Ниёз ўро аз сурфааш шинохт, вале қасдан нигоҳ накард. Як раги кўҳистониаш ба ин чиз роҳ надод ва намедонист, ки ин чиз ба бой сахт мерасад. Бой қасдан чунин рафтор кардани ўро пай бурд, ки сахттар сурфид. Ниёз боз бепарво буд. Ҷони бой баромад, ки боз дод зад:
— Эй, ба ту мегўм!
Ниёз боз аҳамият надод. Бой пеш омада ўро бо пояш тела дод.
— Кар шудӣ?!
Ниёз як ғел гашт ва тохта хеста ба бой таъзим кард.
— Карӣ?!
— Вазнин, бойбобо! – даст ба гўш бурда гуфт ў.
— Зори Маликбойро об барад ба ҳамин матои овардааш, – гуфт ў ва чашмаш ба писараш афтод, ки тори бом ба Ниёз ишорате мекард.– Ў ҳам карии туро медонад? – аз Ниёз пурсид бой. Вале Ниёз гапи ўро нашунида ангошта мулўҳ барин истод. Ин чиз боз ба бой хуш наомад ва махсусан рафтори писараш ўро асабӣ кард.
Ў писарашро ишорат кард, то фарояд. Амир фаромада омад ва бой сахт гуфт: – Рафторат рафтори сағирон барин... Пати ягон кас зад?! Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ... – ба вазнинии гўши Ниёз бовар карда гуфт ў.
— Ин хел нагўед, дада, – ба овози паст хоҳиш кард Амир.
Бой ба писар сахт нигарист: «Ту ба ман гап ҳам ёд медиҳӣ?»
Амир хўса барин шах шуд.
Ниёз ба бардоштани хокрўбаҳо машғул шуд ва чунон вонамуд мекард, ки гуфтори падару писарро намешунида бошад. Вале аз чунин рафтори ў қаҳри Амир омад, ки аз барои ў ба ғазаби падар гирифтор шуду ў худро ба нодонӣ мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё