Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Тааҷҷуби Амирро дида гуфт Ниёз, лекин барои чӣ чунин гуфт, худаш намедонад. Амир гуфтугўи падару Маликбойро дар назар дошт. Аммо Ниёз беихтиёр, чизеро андеша накарда, танҳо барои он ки Амир шод гардад, ҳамин хел ҷавоб дод. Амир ба ҷавоб қаноат накард ва хаёлаш, сўҳбати онҳоро гўш карда бошад, кунҷковона пурсид:
— Ту аз куҷо медонӣ, кӣ мешавад?
— Магар ту намедонӣ?
— Ман медонам, медонам, ки падари ман мешавад.
— Ман ҳам ҳаминро гуфтам...
— Гўш кардӣ-а?
— Чиро гўш кардам?
— Сўҳбати падараму Маликбойро.
— Не, ман ин хел одат надорам...
Ва Ниёз баъди ин наздаш наомадани Амирро аз ҳамин сўҳбат донист. Амир яқин кардааст, ки Ниёз сўҳбати онҳоро гўш карда бошад. «Лозим шавад, қасам мехўрам, ки ин корро накардаам»
ба худ қавл дод Ниёз. Ў аспҳоро ба дашт бурда мебаст, боз рафта мехгардон карда меомад, бегоҳ меовард, саҳар мебурд, вале дилаш гирифта ва сараш хам буд; андеша дошт, ки шояд бой ба Амир фармуда бошад, ки чунин рафтор кунад. «Ин бачча ҳам гум шуд, як каси дарди дил мегуфтагӣ нест. Ваъдаи мактабравӣ ҳам тамом шуд... Ақаллан вақти мактаб рафтан рўяшро нишон намедиҳад, кўшиш мекунад, ки ман набинам... Ха-айр». Лекин Ниёз як бор ўро дида пурсиданӣ, ки барои чӣ чунин рафтор мекунад. Ниёзро рухсати ба ҳавлии дарун даромадан набуд, то медид, ки чӣ зайл ў ба падар тақлид карда, гирди ҳавз мегардад; даст пушти бар дошта, сари сина дамонда, боғро аз назар гузаронад, сонӣ ба кат нишаста, болиштро пеш кашида, каҷпаҳлў занад ва дуздида ба дарвозаи миёна нигарад, ки шояд Ниёзро бубинад. Зеро чанд вақт меҳри Ниёз ба дили ин бачча хона монда, нагузорад, ки лаҳзае дур бошад, лек манъи падар ўро сахт расида, худи ў ба назараш андаке шум метобад. Ҳоло ҳам дар ҳамин фикр аст. Ростӣ, чун падар гирди ҳавз мегардад, аммо гашти ў аз гашти падар фарқ дорад: агар падар гирди ҳавз гашта, ғами худро хўрад, роҳи кор фармудани ятимонро андешад, манбаъҳои даромадро ҷўяд, соҳиби ин қаламрав шудан хоҳад, андешаи Амири Бухор шуданро кунад, Амири хурдсол танҳо роҳи бо Ниёз вохўрданро меҷўяд. Ниёзро торик буд ва ҳатто ба сараш намезанад, ки Амир дар ин хусус фикр мекарда бошад; деҳ куҷою дарахтон куҷо? Ва чаро бойбачча дар бораи ятими даргоҳ андеша кунад?
Бойбачча фурсат мепоид, то падараш ягон ҷо раваду ў як лаҳза бошад ҳам бо Ниёз вохўрда баъзе гапҳояшро гўяд. Аммо Равшанбой рўзи дароз хоб ба об мегуфт, ки аз сари ҳавз дур намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё