Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чаро Маликбой не?» Инак намедонист ўро чӣ гўяд. Ҳамин вақт ба мадади Маликбой Амир расид, аз мактаб омад, аз мадрасаи Додхоҳ, ки мисли дигарон шабурўз он ҷо намонда, мерафту меомад. Маликбой ё барои аз ҳолат баромадан ё барои худширинкунӣ буд, ки Амирро наздаш хонда, оғўш кашида бўсид, пурсупос кард, то Равшанбой дида имон оварад, ки бойи Ғузор ҷонсўзу дилсўзи ўст ва дар ҳар кор маслиҳати ўро гирифтан шояд.
— Маликбой, забонатонро газидед магар?
— Чаро, пирам?
— Аз ваҷҳи амири Бухор сухан карда будам.
— Андеша дорам, пирам, аммо роҳи ҳаллашро пайдо накардам... Алҳол бояд бигўям, ки арзандатар аз шумо касе нест, ки дар ин водӣ сарварӣ карда тавонад.
Равшанбой саллаи пишоварӣ аз сар гирифта, рўи ҷомаи зарбафти гўшаи кат гузошт ва сару гардан сила кард, хушнуд гашт.
Сухани Маликбой хушаш омада буд.
— Шумо барин дўстон каманд, Маликбой.
— Ман баринҳо бисёр, аммо дўстӣ карда наметавонанд, пирам.
— Ман ҳам аз ин хусус андеша дорам... Оё амири Бухорро меҳмон кардан имкон дорад?
— Орзуятон хушгувор, пирам, аммо омадани ў дар гумон.
— Ман ҳам инро медонам, лекин агар меомад...
— Кўҳҳои Зарафшонро ваъда кунед, шояд ояд.
— Душвор, Маликбой, барои ин аввал ҳокими мутлақи Зарафшон шудан лозим аст,
— Лекин ба Кўҳистони Зарафшон омадани сайёҳони Ғарб чӣ маънӣ дошта бошад?
— Сайёҳ бошад, саёҳат меояд, ғами онро нахўред... Ғами мо дигар аст. Зарафшон ҳам бояд ҳоким дошта бошад.
— Илоҳӣ омин! Фариштаҳои даргузар омин гўянд!
Амири хурдсол низ баробари онҳо даст ба рўй кашид, тақлидкорона омин кард, аммо намедонист, ки ин чӣ маънӣ дорад.
Чун сўҳбати онҳо кўр гирифт ва падараш чандон ба вай эътиборе надод, оҳиста аз лаби кат лағжида фуромад ва ба баҳонаи боғро давр задан аввал ба пешгаҳи боғ рафт, сонӣ ба ошхона, сонӣ ба хона даромад, ба модараш «хоб мехоҳам» гуфта, хамёза кашид ва чунон аз дарвоза баромад, ки касе хабар наёфт.
— Медонӣ чӣ, Ниёз? Зарафшон ҳам бояд ҳоким дошта бошад,
– баробари ўро дидан гуфт ў, вале аз Ниёз ҷуз нигоҳи ҳайратангез чизе нашунид.
— Мешавад...

пешина
аз 279
навбатӣ