Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Шояд Амири хурдсол дар симои Ниёз чизеро пай бурда бошад; ҷабини кушод ва чеҳраи хандонаш ба бойбачча хуш омада бошад. Ба ҳар ҳол Амир рустию ростӣ аҳволи ўро хабар мегирифт, ба саисхона меомад. Гушна будани Ниёзро дониста ҳар бори омадан ягон чиз меовард; чизҳои овардааш, ҳатто як бурида нон, ба назараш бамазза мешуд, ки ҳамроҳи Ниёз мехўрд ва бистари қоқи ў писандаш буд, ки мехост шабро ҳамроҳи ў рўз кунаду афсонаҳо гўянд ё бофта бароранд; ба назари Амир ҳамин хел менамуд: Ниёз одами ғайритабиӣ; афсона мебофад, чунон ки худаш дар он ҷойҳо ширкат дошта бошад, қисса мекунад; ҳама кор аз дасташ меомадагӣ! барин.
— Ту чӣ хел балоӣ, Ниёз, аз асп ҳам наметарсӣ.
… Дар Панҷакат ҳавзу сарҳавзҳои зиёде буд, вале ягон ҳавз ба зайли сарҳавзи боғи Равшанбой набуд. Гирдогирди онро дарахтони садаю беду сафедор иҳота карда буданд. Чаҳор сатҳаш суфаҳои баланд дошт. Гўшаҳои суфаҳо ба ҳам омада зерашон обмўриҳо мегузашт. Аз як гўша ба сарҳавз об мерехт ва аз се гўшаи дигар баромада, ҳавлии берунро низ гузашта, ба сарҷўи кўча ҳамроҳ мешуд. Ҷои истироҳати Равшан бойи биникалон, ба кавли мардум, Равшанбойи бинӣ, ҳамин ҷо буд ва аз ҳама хушписандаш кати чўбини суфаи тарафи шарқӣ, ки тобистони дароз зери сояи дарахтон рўи офтобро намедид. Ҳатто зимистонҳо, ки Равшанбой барои вақти худро хуш кардан гирди ҳавзро мегашт, оби шишаосо яхбастаи онро тамошо мекард, амонат бошад ҳам, андаке рўи барфи он кат менишаст, ки фараҳ мебахшида бошад. Ва мешуд, ки тобистонҳо рўи кўрпачаҳои нарм нишаста, дароз кашида ба лўлаболиштҳо такя мезад ва ҳаваси амири Бухоро мекард, ба бою бойчаҳои Самарқанду Бухоро ҳасад мебурд, вале ифтихор дошт, ки дар Панҷакат бойтар аз ў касе нест: ҳавлии дарун-берун, замини фаровони Сарманзил, гову гўсфанди кўҳ... ва дигар чӣ?
Ба назараш кам, барои ҳамин ҳаваси амири Бухор мекунад, ки ҳарам надорад, канизак надорад, ғулом надорад, чанд ятим, ки онҳо ҳам барои манфиати худ кор мекунанд, фақат Ниёз дастёри бемузд. Вақтҳое шавад, ки ў рўи кати дўстдоштааш танҳо монда, рўй бар осмон, дастҳо зери сар харпанҷа андохта ва пой болои пой гузошта, аз буду набуди хеш андеша кунад ва хаёлаш равад, ки як бор амири Бухорро дар ин сарҳавз меҳмон кунад, рўи ин кат нишонад, сонӣ... сонӣ бо рухсату дастхати ў бар мири Масчоҳ, мири Моғиён, мири Киштўд фармонравоӣ кунад ва дигар ҳамааш худ аз худ ҳал ҳаллу фасл хоҳад шуд. Ва бо чунин умеду орзу Маликбойи ғузориро даъват карда, рўи кат нишонда, машварат кард ва мақсад пеш овард: «О-о-о, чӣ фикри бикр!» хитоб карда бархост Маликбой ва гирди кат гашт, ки, ба назар, андеша мекарда бошад, сонӣ ў саллаашро гирифта дар қуббаи пояи кат гузошт, хам шуда аз ҳавз оби сард бар рўй зад, ки фикр рўшан карда, ба Равшанбой маслиҳат медода бошад, вале дар асл дар дил гиреҳе афтид: «Чаро Равшанбой?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё