Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Маликбой нигоҳубини меҳмонхонаро ба Ниёз супурд, то ҳама вақт озода дорад; зеро меҳмонони олиқадри бой дар ҳамин ҷо нишаста, гуфтугузор мекарданд, мехуфтанд, мерафтанд. Ниёз меҳмонхонаро тоза мекард, мерўфт, дар қашқарча оташ меафрўхт ва шабҳо дар пойгаҳи он мехуфт ва агар меҳмонони азиз он ҷо бихобанд, ҷои хоби Ниёз аниқ набуд. Ў барои худ ҷой меёфт: ё дар ошхона ва ё дар саисхона... Вале ин аҳвол дер давом накард: Ниёз аз Ғузор ба Панҷакат рафт. Равшанбой панҷакатӣ аз Маликбой хоҳиш кард, ки ба ў ягон хидматгори асил ёфта диҳад. Маликбой аввал хуб андешид, сонӣ Ниёзро назди Равшанбой бурд ва Ниёз ба бой хуш омад.
«Чашмонаш оташ доранд» аз дил гузаронд Равшанбой ва ба қаду басти ў нигоҳ карда, сар ҷунбонд, аммо аслу насаби ўро напурсид, на аз Маликбой ва на аз худи Ниёз. Монанди Маликбой ўро ба нигоҳубини меҳмонхона не, балки ҳамчун саис қабул кард ва фармуд, ки нигоҳубини аспон ба гардани ўст. Ин кор ба писарак хуш омад, аммо ҳайрон, ки чаро бой чунин кори аз дасти калонҳо меомадаро ба ў супорад. Ў ҳоло кўдак аст ва барои нигоҳубини асп ақлу таҷрибаи кофӣ надорад. «Фақат барои таги пои аспонро тоза кардану наҳорӣ андохтан бошад?» аз худ пурсид ў. Баъд дар хаёли худ афсона бофт, зеро таърифу тавсифи аспро бештар дар афсонаҳо шунидааст, ки ёвари инсон аст ва дар зарурат болу пар бароварда, эҳтиёҷмандро ба манзили мурод расонад. Ниёз дар ин хусус андеша дорад ва Қошғарро пеши назар орад, ки як рўз савори аспи болдор сўи диёраш сафар хоҳад кард, лекин ба бобои қошғарӣ чӣ мегўяд? «Модарат куҷо шуд? Падарат ку?»
пурсад, ҷавоб гуфта наметавонад. Танҳо ба ҷирани моҳрў арзашро мегўяд: «Пару бол барор, Ҷиран, назди бобом бирав, бигўй, ки ман ятимам, ятими дари Равшанбой, ҳамин қадар гўй, худаш мефаҳмад. Бирав!» Ҷиран кишна кард, аммо мувофиқи хоҳиши Ниёз амал карда натавонист... То дар ин макон омўхта шудан Ниёз чандон аз таҳи дил кор намекард, аммо ҳамин ки хоначаи паҳлўи саисхонаро хонаи хеш донист, ба аспҳои рамузфаҳм хуштар муомила мекардагӣ шуд ва гумон кард, ки бо ҳамин тамоми ғаму андўҳаш паси сар мешавад ва ў рўзи хуш мебинад. Ба назар ин даргоҳ ба ў хуш омад, бештар барои он ки бой Амир ном писаре дошт ва Ниёзро мисли бародар дониста, ҳамроҳаш бозӣ кардан мехост, ҳарчанд Ниёз ба сол аз ў калонтар буд. Амири хурдсол, ки мисли падар ба молу сарвату давлати дунё сарфаҳм намерафт, бо Ниёз бозию шодӣ карданро авло медонист. Чунин нияти Амирро падару модари ў пай бурда, нагузоштанд, ки писарашон бо ин ятими даргоҳ ҳамроҳ бошад. Ҳарчанд диданд, ки Ниёз як баччаи ботамкин аст, лоқайдию бесариҳо надорад, миёни бозии онҳоро шикастанд; хоки Ниёзро паст донистанд. Вале онҳо беқарориҳои ботинии Ниёз ва андешаҳои қаъри чашмони маъсуми ўро пай бурда натавонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё