Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гулбарг андаке баргашта ба посухи ҳарфи бобо сўи ў нигарист ва ашки чашмонашро дошта натавонист.
...Ва хонаи бобо ҳам ба Гулбарг мадад накард; ў аз ин дунё гузашт. Сонӣ гапу калочаи мардум сар шуд. Ниёзро шуми сархўр гуфтанд; ҳаромӣ гуфтанд, думоварди модар донистанд ва бобои Наврўз ба ҳарфи онҳо бовар кард. Меҳрубонии аввал, ки хам ба Гулбарг дошту ҳам ба Ниёз, намонд, лекин бобо ба хулосае наомада, росту дурўғ будани ин ҳарфҳоро собит накарда ў аз ин даргоҳ бирафт. Ў баъди фоҷиаи ба сари падар омада азми аз ин ҷо рафтаи карда буд, аммо бемории модар пеши роҳашро гирифт. Ҳарчанд Сабзина «писари ман шав, нарав, ҷонам, молам, чизу чораам аз они ту» гуфт, Ниёз қабул накард. Фақат вақти баромадан як бор ба дарвозаи кандакории бағдодӣ нигариста, ба хотир гирифт, ки шояд ягон рўз саргашта шуда ба ин мулк ояду дарвозаро шиносад... Ў аз ҳавлии бобо не, балки аз ҳавлии амак баромада рафт; ба рафтан рафту медонист, ки ин ҳавлӣ пур аз алам, пур аз буғз ва пур аз дарду ҳасрат аст. Медонист, ки як рўз ин ҷароҳат мадда карда мекафад; ё Намоз сари Аёзро мехўрад ва ё Аёз сари Намозро. Фақат дилаш ба Сабзина сўхт; ў ба ин зани беписар писар шуданӣ буд, аммо ба сабаби носозии рўзгори ; бародарон он ҷо истода натавонист. Ў аз деҳаи Некон баромад, аммо ҷои раф надошт. Қад-қади рўди Кўҳак рафт, зери ғалоғулаи рўд садои Сабзина дар гўшаш акс медод: «Нарав, ист, писари ман шав!» Ў баргашта ба пас нигарист, ки шояд Сабзинаи меҳрубон аз дунболи ў омада бошад, касеро надида, боз Сабзинаро пеши назар овард, ки баъди модараш дар дунё аз ў зани беҳтаре нест; ақли кўдаконаи ў танҳо ба ҳамин чиз расид. Ва боз ақли ў гирифт, ки бояд ба Қошғар равад ва хабари нобуд шудани падару модарро ба бобо расонад – ба ҳамин ният аз Некон баромад, аммо роҳро надонад. Вақти аз Қошғар омадан ба умеди падар буд, ки дар бозгашт боз меорад, чандон ба роҳ эътибор надода буд, ҳоло фаҳмид, ки роҳ лозим мешудааст. Таваккал карда, бо роҳи каҷукилеб сарнишеб шуд...
...Ў баъди чанд рўзи дар Ғузор будан хизматгори даргоҳи Маликбой гашт. Ҳамон даргоҳе, ки рўзи аз Қошғар омаданашон бобои Ормон – усто Қодир барои Маликбой болохона мепўшонд; рў ба рўи масҷиди хуштарҳ, ки аз ҷониби офтоббаро айвони кунгура дошт. Маликбой тагу тирези Ниёзро донистан хост, аммо писарак ; қошғарӣ буданашро нагуфту сағираи неконӣ буданашро пинҳон надошт. Ба бобои Наврўз набера шуданашро ошкор накард; гўё бесоҳиби бесоҳиб бошад, зеро, агар набераи бобои Наврўз буданашро Маликбой медонист, ё бо ягон кас ҳамроҳ карда ба Некон мефиристод ва ё ба бобо таъйин мекард, ки омада набераашро барад ва баччаяк аз миннату алами некониҳо дарбадарию оворагиро афзал донист. Ў ба дастёрии даргоҳи Маликбой розӣ шуд ва гумон кард, ки дами беғам мезанад.

пешина
аз 279
навбатӣ