Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ниёз карахтии ўро пай бурд ва аз падар ҳам зиёдтар ба ў бобо ҳайратзада менигарист; ин чӣ рўз, чӣ кирдор, чӣ савдо?
Чизеро пай намебарад бачча. Фақат аз дил мегузаронад, ки чаро бобо гиря намекунад? Ва ў лаҳза ба лаҳза ашки чашмон бо мушт пок карда, мунтазир мешавад, ки ана-ана бобо мегиряд. Аммо ў карахт, ба ягон чиз сарфаҳм намеравад, ҳатто дар сараш намеояд, ки барои чӣ инсон инсонро мекушад ва боз бародар бародарро?
Махсусан писарони ў, ки на тахт гиранду на тоҷ. Барои ҳамин ў ҳайрон. «Сангдил аст ин бобо» аз дил гузаронд Ниёз ва ашкаш тамоман хушк шуд ва баракси чашмдошти ў бобо монанди ҷуволи холӣ якбора фурў нишаст ва чунон ки андаке пеш Аёз бесадо мегиристу меларзид, такрор кард ва баъди ларзаи баданаш мондан ҳамин қадар гуфт: «Хок кашида будааст, ки омадӣ». Вале Ниёз маънии ин суханро нафаҳмид.
...«Худовандо! Агар мисли Намоз фарзанд медода бошӣ, нате!»
ба хотир овард ин сухани боборо Гулбарг дар бистари беморӣ. Ў дард мекашид, алам мекашид, ки нонхўри зиёдатӣ, ним мурдаю ним зинда, дар меҳмонхонаи Аёз мехобад; на инсара мешаваду на онсара. Сабзина шабурўз дар сари бистари ў; чунон ки дар дунё ҷуз Гулбарг каси дигар иадошта бошад.
— Ба аком гўед, моро ба Қошғар баранд, ҷо-он апаҷон! – аз Сабзина хоҳиш мекунад Гулбарг.
— Сиҳат шавед, мебаранд, – тасаллӣ медиҳад Сабзина.
— Акнун сиҳат шудани ман...
— Худам мебарам, оча, – даст ба пешонии модар бурда мегўяд Ниёз. Ва Сабзина сар меҷунбонаду ҳарфи писарро тасдиқ мекунад, аммо барои наранҷидани ў чизе намегўяд.
Аз рўи ҳавлӣ садои сурфаи мардона баромад. Ниёз тозон ба дар рафт ва баргашта ба онҳо «бобом» гуфт. Бобо сурфида-сурфида то дами дар омад ва бо Ниёз пурсупос карда ба хона даромад.
Сабзина ба пешвози ў хест, аммо Гулбарг хеста натавонист.
— Чӣ ҳол дорӣ, келин?
— Нағз, – базўр овоз баровард Гулбарг.
— Илоҳӣ, нағз бошӣ, – гуфт бобо ва ба Сабзина рў овард:
– Келини калон, Ниёзу очешро гирифта ба хонаи мо биёр, ин ҷо барои инҳо намешавад.
— Лозим не, бобо... камтар беҳтар шавам, моро ба Қошғар расонед, – илтимос буд ё зорӣ, ки базўр аз даҳони Гулбарг баромад.
— Келин, одам ҳарфи аз худаш калонро ду намекунад, аз хонаи мо ҳам Қошғар рафтан мумкин, хез, дар кокулот ҷонам... Ҳамон вақт рафтан лозим буд... Кас пешомадро намедонад, вагарна чӣ кор карданро меандешад. Келини калон, ҷогаҳро ғундор... Дар хонаи ман келин нею духтар шуда гардад, боке не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё