Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Ҳар гуна фикру андеша дар сари ў ғалаён мекард, вале ҳоло андешае надошт, ки ягон рўз шавҳараш ин кори ўро маломат мекунад. Онҳо Фаёзро рўи хона дароз хобонданд. Сабзина пойҳои ўро оҳиста ба замин гузошт ва қоматашро рост кард, аммо Аёз чӣ хеле ки баробари ҷасади ў ба замин хам шуда буд, ҳамон зайл монд. Сонӣ зону зада, гўш ба сари синаи ў гузошт ва чунон ки касе даст бар китфи ў монда меҷунбонида бошад, ҷунбиду ларзид; ў гирист. Гўё аз Сабзина шарм карда, садо бароварда наметавонист ва садои ботинии ў мисли вулқон танашро ларзонд. Вале худдорӣ карда натавонист; паҳлўи бародар дароз кашида баланд-баланд гирист; ҳу-у, ҳу мегирист ва бо тобишҳои нола олам-олам маънӣ мегуфт. Сабзина, ки сари дилаш пур шуда буд, ба нолаи ў тоб наоварда, аввал мисли Аёз ботинӣ гирист, сонӣ садо баровард, вале худдорӣ карда натавониста бадар рафт. Назди Гулбарг омад, ки ҷуссаи лоғари ўро бардошта хона дарорад. Ниёз модари беҳушу беёдро ғарибу бекас дониста, сари рўи замини сахт хобидаи ўро бардошта рўи зону медошт. Сабзина гумон кард, ки тани лоғаргаштаи Гулбаргро озод бардошта тавонад, аммо зўраш нарасид, ҳамроҳи Ниёз ҳам дароварда натавонист. Сонӣ яктоз ба ошхона даромада, пиёзе оварда, кафонд ва ба димоғи занак дошт. Нашуд. Ў ба худ наомад. Пиёзро миёни ангуштон ҷафида, чанд қатра оби онро ба сўрохиҳои бинии ў чаконд. Гулбарг ҷунбида атса зад, чашм кушод, аммо ҳоло ҳам ба ҳуш наомада буд. Ў зуд-зуд мижа зада, ба ҷое ки андаке пеш шавҳараш хобида буд, нигарист, ўро дар он ҷо надид. Саволомез ба Ниёз зеҳн монд. «Хона даровардем».
Гулбарг талвосаи хестан кард, ба ў ёрӣ доданд...
Аёз аз дар баромад ва дур нарафта рост истод. Аломати хуб набуд. Ў бо нигоҳаш, истодаш фаҳмондан мехост, ки... аммо ў чизе нагуфта аз дарвоза баромад. Ва фурсати зиёде нагузашта ҳамроҳи падар баргашт. Падар назди Фаёз зану фарзанди гирёни ўро дида, чӣ кор карданро надонист. Чунин ҳолат ўро карахт кард, ҳамин лаҳза чунон сахт шуд, ки гўё дар баданаш гармие набошад, ҳамин тавр ки дар вуҷуди ў раҳм гуфтанӣ чиз набошад. Як чўби ба сурати одам тарошида барин. Сонӣ ў мисли ях об кушод ва дар сараш такрор шуд: «Намоз Фаёзро бо каланд зада кушт... Намоз Фаёзро бо каланд зада кушт». Ба сараш акси садои Аёз омад, аммо ў на ҳалли муаммо меёфт ва на чорае меандешид, на ба Гулбарг чизе мегуфт ва на сари Ниёзро сила карда метавонист. Дар хусуси писарон андеша карданӣ мешуд, рафторҳои онҳоро таҳлил кардан мехост, лекин ягон фикр дар сараш қарор надошт ва ҳатто ягон андеша намегунҷид. Одатан дар чунин лаҳзаҳо одамон гириста худро сабук мекунанд, аммо ў гириста ҳам наметавонист, гўё фикр, андеша, гиря барои ў бегона буд, эҳсос ҳам надошт, чунон ки дасту пои ўро бурранд ҳам, пай намебурда бошад. Карахти карахт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё