Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди ҳай-ҳаю давидани ў Намоз сўи Ниёз каланд андохт. Фаёз даст бардошт, ки мисли балои осмонӣ омадани каланди ўро боздорад, аммо аз саросемагӣ ва омода набудану ба ин кор бовар надоштан каланд аз миёни дастони Фаёз гузашта ба баногўшаш расид ва ба китфи чапаш бархўрд.
Ниёз каланди ба замин афтидаи падарро гирифт, то ба Намози ақлбохта андозад, аммо «амакаш» бо пой каландро зада дур андохт ва ҳамин вақт ҷуссаи падар ҷониби Ниёз афтид. Ў ҷуссаи падарро дошта натавониста зери он монд. Ў дод зад... Ин вокеа чунон ногаҳонӣ ва барқосо гузашт, ки ҳатто одамони дар хонаҳо буда огоҳ нашуданд. Танҳо баъди дод задани Ниёз Сабзинаю Гулбарг баромаданд. Гулбарг башаст омада писарро бардошт ва сари хуншори шавҳарро дида, «воҳ!» гуфт ва он тарафашро ёд надорад, ки чӣ шуд. Ниёзи панди рўзгор надида намедонист, ки бо падару модари беҳушу беёд чӣ кор бикунад. «Оча! Додо!»
дод зад ў... Ба доди ў танҳо Сабзинаи аз чунин воқеаи ногаҳонӣ моту мабҳутгашта расид; аз доди Ниёз ба худ омада пеш давида, Гулбаргро сари дил дошт, аммо ба Фаёз нигаристу кордор шуда натавонист ва ҳамин вақт Аёзи ҳамроҳи Фаёз ба кори Дашт рафта каланд сари китф даромад. Даромад, вале пеш омада натавонист.
Миёни ҳавлӣ дароз кашидани Фаёзи андаке пеш ҳамроҳи ў дар сари замин коргарро дид, Гулбаргро сари дил доштани Сабзинаро дид ва Ниёзи карахтро низ, каландро партофту назди онҳо тохт.
Ниёз баробари ўро дидан баланд гирист...
Намоз пас-пас мерафт; зану фарзандони гўё ба тамошо баромадаашро пуштнокӣ тела дода, ҷониби хона мебурд. Ин аҳволи ў, рафтори ў Аёзро ҳушёр кард. Ў сари хуноғуштаи Фаёзро ва ; ҳаракатҳои Намозро дида ҳама чизро фаҳмид. Теғ кашида ҷониби ў нигарист, вале Намоз ҳамаро ба хона ҷо карда, дарро баста буд.
— Бардор! – ба Ниёз фармуд амак, то аз пойҳои падар бардорад ва худ хам шуда, аз сари сина ва тахтапушти Фаёз оғўш кард, то бардошта ба хона дароранд, вале Ниёз ҳоло ҳам ба худ наомада буд ва намедонист чӣ кор кунад, ба ҷои ў Сабзина тайёр буд, ки пойҳои Фаёзро оғўш карда, бардошта, ҳамроҳи шавҳараш барад.
– Ҳушат дар куҷо? Бардор мегўм! – андаке сар ба пушт тофта, такрор кард Аёз. Ниёз ҳоло ҳам карахт буд.
— Гир, Ниёзҷон, аз як пояшон ту гир, аз як пояшон ман, – барои фикри шавҳарашро фаҳмидан гуфт Сабзина, зеро дар дил ин чизро басо мехост.
— Ҳа, бардоред! – ишора кард Аёз.
Онҳо ҷасади Фаёзро бардоштанд, барои Аёз вазнин буд, зонуи ростро поя карда, лангида пеш мерафт. Вале Ниёз гириста пои падарро аз даст раҳо кард ва пой ба замин бархўрд. Сабзина пои дигарро низ сахт дошта, ба сари синааш пахш карда, тани ҳанўз гарми ўро ҳамроҳи шавҳараш мебурд.

пешина
аз 279
навбатӣ