Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Азм кард, ки бар дўш бардошта барад, вале каси ба мол нигоҳ мекардагӣ набуд. Ўро бардошта бараду даррандае худро ба рама зада бузу гўсфандонро нобуд созад, кори хуб нашавад. Ниёз дар андеша шуд. Аммо Ниёзи раҳмдил ва аз макру ҳияли одамӣ бехабар ҷазбманд ўро бурдан хост. Ў мисли шутур ба зону нишаст, то қоматаш пасттар афтода, ўро ба дўш гирифтан осон шавад. Аз дасти ў гирифта, аз сари китфи рост гузаронд ва пеш кашид, то бар дўшаш бор шавад. Вазнин буд ў. Ў баҳузур нишаст, то вазни ўро бар дўш гирифта, сонӣ ба пеш хам шуда, бардошта хезад, вале пай бурд, ки Аббос майли бар дўши ў савор шудан надорад, баракс вазн андозад. Ў боз зўр зад, каме Аббосро аз ҷой ковок кард, дасти ў аз китфи рости Ниёз гузашта пеш омада буд. Ниёз пеш майл карда каме ба нишебӣ лағжид, то вазни Аббос дурусттар бар дўшаш бор шавад, аммо ҳис кард, ки як вазни гарон пахш мекунад ва имкони хестан намедиҳад ва вақте ки дасти пеш кашидаи Аббос ба гарданаш ҳалқа шуда ўро хафа кардан хост, Ниёз пай бурд, ки кори беҳуда мекунад. Ранги мори сармозада, ки шубон аз раҳмдилӣ даруни курта андохта, аз гармӣ ҷон гирифта ба гарданаш печида бошад
— Вой-вой! Дастама шикастӣ! – дид, ки ҳилааш ба кор намеравад, дод зад Аббос.
— Не нагў, барамат! – ўро ба замин гузошта ҳоҳиш кард Ниёз.
— Очета бар! – аз замин санг гирифта гуфт Аббос. – Ҳолӣ мебинӣ ба додом гўм, каллета мегиранд! – таҳдид кард ў.
— Болои дуздӣ – сарҳангӣ, а? – паст наомад Ниёз ва дигар ба ў кордор нашуда сари мол рафт. Ва ҳар гоҳ ба пас менигарист, ки Аббос чӣ кор мекунад. Аббос як дасташ кашола гирёну нолон ҷониби деҳа рафт. Ниёз як-як молҳоро аз назар гузаронда, най болои харсанг мондаро гирифта ба об андохт ва андеша кард, ки оқибати ин кор чӣ шавад. Бегоҳ ба хона равад ё на? Буд-набуд, Намоз он дафъа дониста ва ё надониста ба ҷангҷоли онҳо ҳамроҳ нашуда бошад ҳам, ин дафъа ҳамин тавр намемонад; қусури ҳамаашро якбораю якҷоя мебарорад...
...Ниёз молро аз дарвоза дарун карда, андаке гўш дод. Ҳама ҷо оромӣ барин. Ў молро барвақттар оварда буд, шояд аз ин сабаб ҳоло Аббосу падараш омадани ўро надониста бошанд; молро тез овардани Ниёз барои он буд, ки як назар модарашро бинаду сонӣ ба ягон тараф ғайб занад, зеро «хешон» оромаш нахоҳанд гузошт, аммо аз дарвоза қадам дарун монданашро медонад, ки падари Аббос чун деви каландбадаст ҷонибаш ғуррида омад.
«Онаи ту зўра...» дашном дода наздик шуд ў. Ниёз гурехтан ва ё нагурехтанро надониста, ҳайкал шуда буд. Ва ба амри тасодуф, ҳамин вақт падари Ниёз низ каланд дар даст аз дарвоза даромада каланди боло шудаи Намозро дида ҳай-ҳай карда тохт, то ба писараш сипар шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё