Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Дараро ором дида, хотирҷамъ шуд ва аз сари санг фаромада ба тобасанги миёни рўд гузашт, биншаста пойҳояшро сўи об дароз кард, нарасид, каме пас лағжида боз дароз кард ва чун пойҳояш ба об расид, ҳаловат бурда, боз боло кашид ва сонӣ роҳат карданӣ шуда рўболо хобид ва боз най бар лаб бурд, то бинавозад. Басо мехост, ки аз най оҳанги аҷибе барояд; чун дид, ки намешавад, бо лабҳову димоғ оҳангҳои медонистаашро менавохт ва мепиндошт, ки най менавозад. Ва ҳамин вақт аз паси харсанг садои «ваъ!» гуфтани бузе омад. Ниёз парида хест, асо гирифт, корд аз наём кашид ва аз рўи тобасанг ҷаҳида фаромад, тозон паси харсанг гузашт. «Гург» аз дил гузаронд ў ва «ҳа-ҳа-ҳа!» садо баровард. Аммо он ҷо чизеро надид.
Фақат назараш афтод, ки бузғолае ҳаросида сўи адир метозад.
Ҳайрон шуд. Бузғола бари адир қарор гирифт ва баргашта на ба ў, балки паҳлўи харсанг менигарад. Ў сўи бузғола равон шуд, вале якбора чашмаш ба сиёҳие афтид, ки худро паси харсанг кашид.
Ниёз ҳаросид. Сонӣ ба сараш чӣ фикре зад, ки буни харсанг омад.
Харсанг, ки чаҳор ресмони панҷгазӣ ба давраш намерасид, ҳар чию ҳар киро аз чашм пинҳон медошт. Ў гирди харсангро гашт, чизеро надид, гумон кард, ки сиёҳӣ ба чашмаш тофтааст ва гурбаи ваҳшӣ будааст, ки зери сангҳо ҷо шуд. Корд бар ғилоф андохт ва асоро болои харсанг монду сонӣ худаш баромад; дуру наздикро аз назар гузаронд ва гирди харсангро аз боло дид, ба чашмаш касе афтод, ки пўсти сари рўбоҳ ба сар кашида, аз буни харсанг ба пеш менигарист, касеро мепоид. Ниёз ўро нашинохт, худро пас кашид, то ў набинад ва баъди хеле мулоҳиза худро якбора аз болои харсанг ба зер андохт ва нархи сабзию пиёзро напурсида, қулочкаш асо андохт. Асо ба дасти чапи ниқобдор бархўрд ва фиғонаш баромад. Асои дасти рўбоҳсар афтод, дасти чапашро дошта ба замин нишаст. «Аббос!» ботини Ниёз фиғон баровард. Ў пўсти сари рўбоҳро аз сари ў бардошт. «Рўбоҳ!» пўстро як сў андохта гуфт Ниёз. «Кори ту?» аз ин зиёд чизе гуфта натавонист ў. Дигар ҳоҷати сухан набуд. Аббос ё аз ҳуш рафта, такя ба харсанг зада буд ва ё худро ба рўбоҳӣ мезад. Вале дар асл чашми Аббос сиёҳ зада, дилаш беҳузур мегашт ва мағзи устухонаш дард мекард.
Ниёз тарсид, на аз он ки Аббос маъюб шуд, балки аз ҷаҳлу ғазаби падари ў тарсид ва мусофиру ғариб буданашонро андеша мекард.
— Аббос! Аббос! Чашматро кушо! Ман надонистам, ки ту будаӣ. Дузд гумон кардам... Ҳушёр шав, Аббос, ту мард-ку! – Аббос беёд гашта, гўё ҳарфи Ниёзро намешунид. Ў фақат нафас мегирифт, ба назар дигар чизеро дарк намекард ва ҳатто дарди дасташро пайхас намерафт, ки нола намекард, намегирист.
Ниёз Аббосро бардошт, дасти чапи ў кашол буд. Гўё акнун ба худ омад, ки сахт фарёд зад. Ниёз ўро бозгузошт ва ҳайрон буд, ки чӣ кор кунад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё