Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо дар бадали як моҳ гум шудани як бузу як гўсфанди Ниёз ўро ҳам зери гап мононд ва ҳам ба хашму ғазаб овард. Дилтанг шуд, аз гуфтугузори мардум, масхараи баччаҳо хорӣ кашид ва ба модар рў овард, то баргашта ба Қошғар раванд, вале пеш аз он ба худ қавл дод, ки сабаби ғайб задани бузу гўсфандро фаҳмида ба амакаш мегўяд, сонӣ озими роҳ мешавад. Ниёз хурд бошад ҳам, ба баъзе чизҳо сарфаҳм меравад: ҷигот гирондани Аёз барои бузу гўсфанди гумшуда буд, вале «қатори молҳои мурда» гуфтани бобо рўҳи ўро бардошт.
Бо вуҷуди он Ниёз мехост кию чӣ будани сабабгорро донад... Ў молро ба дараи дўстдоштааш – Ҳуснобод ронд ва дид, ки молҳои дигарон он ҷо чаро мекунанд, сари молро ба бари адир гардонда, гарданаи шахи сиёҳ бароварданӣ шуд, вале мол ба шибар часпид ва ў корди чўпониро, ки амакаш барои рўзи мабод дода буд, аз ғилоф охта, найи хушкеро буррид ва ба найсозӣ машғул шуд: як сари найро аз банд, сари дигарро пештар аз банд бурида, сўрох кард, як ангушт дуртар аз банд шикоф баровард, то пуф кунад, барои ангуштон се сўрохи дигар кушод, сонӣ най бар лаб оварда, пуф кард, най садои пасти хиррӣ баровард ва чун сўрохиҳоро дошта, пуф кард, най садои баланд баровард ва Ниёз хурсанд шуд, ки дилхушие пайдо гашт ва пуф мекарду ангуштон бар сўрохиҳо гирумон мекард ва ба назар бо чунон нотавониаш оҳангеро навохта дил хуш медошт, вале ҳоло на оҳанге буд, на навое, лекин ў мехост оҳангеро навохта, аз ҳама ғаму ташвишҳо озод гардад ва баъд барои модар навохта ўро хуррам гардонад.
Афсўс, ки қудрате ба ин ҳунар надошт; ў намефаҳмид, ки ҳеҷ чиз яку якбора олӣ намешавад; вақте инсон ба камол расид, ин чизро дарк мекунад. Ў аз пуфи аввал фаҳмид, ки най чӣ садое баровард, аммо ёд надорад, ки садои аввалини худи ў чӣ гуна буд. Як ў не, кулли башар мехоҳад, ки ҳама чиз барояш муҳайё бошад, дастрас бошад, ҳама кораш зебо бошад, аз ҳама пешсафу пешқадам бошад, вале на ҳар кас пай барад, ки барои даҳон кушодан, дасти холӣ ба даҳон бурдан кофӣ нест. Дасти холӣ сўйи даҳон барӣ, даҳон кушода намешавад, вале луқмае сўйи даҳон барӣ, даҳон худ аз худ кушода шавад... Найи ў як садо дошт – якнавохт ва вақте ки ангуштон ба сўрохиҳо монда мегирифт, садо мешикаст, ба назари кўдаконаи ў оҳанге буд; гумонаш, ки оҳанге эҷод кард (Он вақт ў «эҷод» гуфтани ҳарфро намедонист, аммо мефаҳмид, ки аз даму нафаси ў най садо мебарорад, садои оддӣ, ки мисли аввалин қадамандозии тифл ба модар хуррамӣ бахшад).
Ў пуф карду нафас баровард, ангуштон бар сўрохиҳо гузошту гирифт, ба назараш менавохт ва бо ҳамин гирифтор шуд. Баъд гўё ки найнавозиаш барор нагирифта бошад, табъаш хира шуд ва таги дилаш сиёҳӣ баровард. Ў найро рўи зону гузошт ва аз сари санг атрофро аз назар гузаронид.

пешина
аз 279
навбатӣ