Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шуморо нороҳат кардам, янга, – пушаймон барин гуфт Аёз ва хост бо ҳамин аз онҳо узр пурсад, зеро мардуми кўҳистон ба рўи рост «бубахш!» гуфтан одат накардаанд; айбашонро мегўянду узр намепурсанд. «Не» сар ҷунбонд Гулбарг ва андаке ковок шуда майли аз бистар хестан кард, ки дар назди ҳевар хоб рафтан чандон одоб набошад.
— Наҷунбед, янга, ман мебароям.
Баҳона буд ин чиз. Ў зудтар аз ин ҷо баромадан мехост, ки ба ҷароҳати худ намак напошад ва «алам»-и меҳмононро тоза накунад. Аёз дар ҳавлӣ истода натавониста баромад, вале аз буни дарвоза куҷо рафтанро надонист. Ў дар буни дарвоза гиристан хост; ба безурётии худ, ба парешонии бародар, ба бекасии падар... аммо гиряи то гулў омадаро зўран фурў бурд ва бозгашта ба хона даромад... Сабзина миёнаи хона зону оғўш карда менишаст ва ҳатто ба ҳурмати шавҳар ҳам аз ҷой нахест. Аёз ба ў чизе нагуфт. Балки андешаи ўро пай бурда, истода натавониста аз хона бадар рафт ва барои орому андармон кардани худ охури аспро тоза карда, беда андохт ва ба Ниёзи рўи ҳавлӣ баромада фармуд, то аспҳоро ба навбат бароварда, аз ҷуй об диҳад ва баъд нигоҳубини аспҳо ба зиммаи Ниёз афтод; йему наҳорӣ медод, ба об мебаровард, таги пояшонро тоза мекард ва баъзан аз амак хоҳиш мекард, ки аспро зин занад, то ў савор шуда, то Дашт рафта ояд. Вале амак мехост, ки Ниёз ҳар рўз аспҳоро бурда дар Дашт мех кунаду боз бегоҳ орад, зеро ду аспро шаборўз дар ҳавлӣ хўрондан осон нест.
Ниёз ин хоҳиши амакро ба ҷо оварданӣ бошад ҳам, ҷою манзилро намедонист ва ба мех кўфтану мехгардон кардани асп балад ҳам набуд. Аз ин рў ба хоҳиши амак сўи ў нигоҳ карду бас.
— Аспбонӣ карда наметавонӣ-а?
— Наметавонам, амак.
— Бузу бузғола чӣ? – пурсид Аёз ва дид, ки Ниёз чизе намегўяд, илова кард: – Ҳамроҳи баччаҳо.
Аёз ин чизро дониста гуфт ва ё надониста, ба Ниёз лозим омад, ки молбонӣ кунад: вабо омад, молҳо қир шуданд, чўпонон ин чизро аз носозгории рўзгори бародарон дониста ва баҳона карда аз бонӣ кардани моли мардум сар кашиданд. Ҳар кас моли зиндамондаро худ бонӣ мекард; моли боқимондаи Аёз ба зиммаи Ниёз афтид. Аёзу Фаёз ба кори дашт мерафтанд, Сабзинаю Гулбарг кори хонаро медиданд, Ниёз аз паи мол мерафт.
Моли Намозро писари калониаш Аббос бонӣ мекард. Ниёз ки кўҳу дараи он ҷоро намедонист, молҳоро ба як дара мебурду меовард ва басо мешуд, ки баччаҳои деҳа дар кўҳу дараҳо молҳояшонро ба ҳам омехта, сари сангҳо нишаста, афсона мегуфтанд, суруд мехонданд, орзую умедашонро пешгўӣ мекарданд, вале Аббос намехост, ки баччаҳои деҳ бо Ниёз бозию шодӣ бикунанд ва Ниёз молашро бо моли дигарон якҷоя пояд. Ниёз сабаби инчунин рафтор кардани Аббосро медонист, аз ин рў хафа намешуд.

пешина
аз 279
навбатӣ