Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҷазои бадтарини падар - баробари он аст, ки падар аз баҳри писар баромада бошад.
— Фаёз!
— Лаббай!
— Ту хафа нашав... касе гумон надошт, ки ту зиндаӣ, зеро мо аз Киштўд то Самарқанду Бухоро, то Кешу Китоб дарак андохтем, касе даракатро надод... Гумон кардем, ки... ҳатто Зарафшонро то пойгаҳ обдонҳо андохта, кофтем... Агар ба ҷои мо ту мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?
— Намедонам.
— Намедонӣ... Аз паи зиндагӣ шудан лозим... Агар ин ҳавлӣ нафорад, назди худам биё... Аёз мегўяд, ки ба назди Фаёз зинда рафтаму мурда омадам, – фаҳмонданӣ шуд падар.
— Намешавад, додо, – гўё ҳарфи падарро нашунид, аз ин рў ҷавоби умумӣ гуфт: – Чӣ лозим, ки ман ин ҷо истода ҳамаро азоб диҳам. Хубаш, ки рухсат диҳед, мо равем.
Падар чизе нагуфт. Бархост ва ҳамон зайл хомўш баромада, рафт...
Фаёз бо Гулбарг маслиҳат кард ва қарор доданд, ки баъди ором шудани моҷарои ҳамсоя ва дидани Аёз назди падар мераванд.
Ҳоло онҳо намедонистанд, ки дар он хона миёни Аёзу Сабзина чӣ гуфтугўест ва фақат вақте ки Ниёз омада «Холаи Сабзина гиря доранд» гуфт, онҳо ба ҳамдигар нигарон чӣ гуфтанашонро надонистанд.
— Барои чӣ гиря мекунад? –пурсид Гулбарг.
— Намедонам, амакам сархам нишастаанд, холаи Сабзина гиря доранд.
Сари Фаёз низ хам шуд, манаҳаш ба сари сина расид, аммо зуд сар боло кард, то Гулбарг парешон нашавад.
— Кай бармегардем, Фаёз? – гўё ҳама ҳолатҳоро пеши назар оварда ва хулоса бароварда пурсид Гулбарг.
— Фардо, – гуё хуши сухан надошта бошад, кўтоҳ ҷавоб дод Фаёз...
...Вале фардо бозгашт карда натавонистанд. Гулбарг нотоб шуд. Ба хонаи падар ҳам нарафтанд. Дар меҳмонхона монанди ғарибон буданд. Гоҳ-гоҳе Сабзина Ниёзро даъват карда нон ва дигар хўрокҳо медод ва ҳар бор аз Аёз истиҳола мекард, ки аз чунин рафтори ў «ҳоло ҳам дилат ба Фаёз кашол будааст-дия»
нагўяд. Аммо ў ин чизро нагуфт, балки дигар Ниёзро даъват накарда худаш ба меҳмонхона рафт, салому алейк кард, нишаста ҳамроҳашон чою нон хўрд, сўҳбат кард, лекин дар хусуси худашу Сабзина чизе нагуфт, гўё ҳамааш аз рўи қоида буд; хосту нахост, равою норавоӣ надошт.

пешина
аз 279
навбатӣ