Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Аммо Фаёз аз ҷой наҷунбид, балки мунтазир буд, то аз куҷо садое ояд: падар мехезад, Аёз меояд ва ё зани Намоз аз нав шаттоҳӣ мекунад? Дар ҳақиқат садо омад; аз беруни дарвоза садо омад. Падар чашм кушода ба он сў нигарист ва гўё мисли ғарибон дар ин ҷо шиштанашро дида, шарм карда хест ва ба садо ҷавоб дод: «Ҳў-ҳў!!»
— Акои Намоз ҳастанд? – пурсид авоз.
Бобо ҷавоб надод ва баъде ки пурсанда аз дарвоза намоён шуда боз саволашро такрор кард, ў ҷавоб гардонд:
— Рафта аз хонааш пурсед, будагист!
Ва худ ба сўи меҳмонхона равон шуда Фаёзро дид, ки тез-тез қадам монда пеш меояд.
— Ассалому алайкум! Хуб овора шудед, додо, ҳамааш гуноҳи ман...
Падар алейк гирифт, вохўрдӣ кард, сонӣ ба китфи ў даст зада «Ҳеҷ гап не, мешавад» гуфт ва ба Фаёз ишора кард, то ба меҳмонхона дароянд, аммо Фаёз карахт шуда монд: аввал нахост, ки падар ба он ҷо даромада чашмони варам кардаи Гулбаргро бинад, вале даромадани ўро салоҳ дониста, падарро пеш андохт. Пештар аз даромадани ў Ниёз модарашро аз даромадани бобо огоҳ кард.
Гулбарг чашмонашро бо нўги ангуштон молиду покиза кард ва дами дар бозистод, то баробари даромадани падаршў салом дода, пурсупос кунад ва бадар шавад. Айнан ҳамин тавр шуд: падар ба саломи ў алейк гирифту ба фикру андешаи хеш банд пешгаҳ гузашт ва Ниёзро хонд, ки паҳлўяш нишинад, аммо ў аз паси модар баромад. «Паъате, худаша бегона мегирад» гуфт бобо. Ва Фаёз пойгаҳ хало ёфта ва фурсат муносиб дониста, сухан оғоз кард:
— Ниёзу модараш одат намекардагӣ барин, обу ҳавои ин ҷо нафорид.
Ва мунтазир шуд, то падар чӣ ҷавоб гўяд. Падар низ мунтазир буд, ки писар суханашро идома диҳад, вале дид, ки ў хомўш аст, баъди мулоҳизаи зиёд рафти суханро чунин гардонд:
— Ҳа-а, обу ҳавои Некон ба ҳар кас намефорад.
Фаёз маънии сухани ўро фаҳмид ва донист, ки барои дағал набаромадани ҳарфаш ва наранҷидани ў чунин гуфт, вагарна дигархелтар муомила мекард: аз гиребонаш мегирифту ба девор рост мекард, танбеҳ медод, сабаби номаъқулиҳояшро мепурсид.
Ва ўро меҳмон дониста, барои напурсида, худсарона гурехта ба Қошғар рафтанаш чизе нагуфт, коҳиш накард, танбеҳ надод. Фаёз сабаби ин чизро намедонад, гумонаш, ки падар пир шудааст ва аз бози ҳамсарашро гум кардан «мусулмон» гаштааст. Пеш ин хел набуд; андаке худсарӣ кунӣ, кайфар мегирифтӣ, сабаби ба падар чизе нагуфта ғайб задани Фаёз дар ҳамин буд... Аммо ў ҳайрон, ки падар аз Намозу занаш чӣ забонкўтаҳӣ дорад, ки онҳоро ба қолаб кашида наметавонад: ҷангӣ, зуъм мекунад, ба ў чизе намегўяд, аз ин хусус ҳарфе ҳам надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё