Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаёзу Гулбаргу Ниёз дар меҳмонхона нишаста шукр мекарданд, ки падар ба меҳмонхона надаромад, зеро Гулбарг аз гиря на танҳо чашмонаш, балки рўяш ҳам варам карда буд, баробари ў Ниёз ҳам мегирист ва Фаёз онҳоро хап карда наметавонист.
Бозомадани падару Аёзро шунида Гулбарг сар аз зонуи шавҳар бардошт ва бо гўшаи қарс ашк хушк кардан хост.
Фаёз хест, назди дар омада ба падар нигарист, ки чӣ зайл такя бар дарахт дода, чашм пўшида, ором нишастааст; одати тоҷикӣ:
чун тоҷик монда шавад ва ё аз ягон ҳодиса нохуш гардад, такя бар девору дарахт карда, дурудароз мешинад ва ё кўрпаро ба сар кашида хоб меравад, то ҳама чизро фаромўш кунад ва андаке осуда гардад, аммо падар ҳоло на барои осудагӣ, балки барои андеша кардан чунин нишастааст; ҳарчанд андеша кунад ҳам, ба таги он намерасад ва ё роҳе пайдо карда наметавонад, то бо писарон чӣ бояд кард; онҳоро бо чӣ роҳ ба сулҳу салоҳ овард. Ҳоло ў аз ҷанги имрўзаи кўдакон ва рўканиву мўкании палонҷҳо хабар надорад, вагарна ин сарборӣ бар ғамҳои дигар мебуд. Ними рўй ва як чашми Фаёз аз дар берун аст ва ҳолати падарро мебинад, вале қадам аз остона берун намегузорад, то ба роҳати падар халал нарасонад, аммо намедонад, ки оқибати ин корҳо чӣ шавад; ў акнун аз сирру савдо огоҳ: сабаби баромада рафтани Аёзро медонад, лекин ҳоло ҳам сарфаҳм намеравад, ки барои чӣ маҳз ў рафта аз ин қадар раҳи дур онҳоро оварду имрўз чунин рафтор кард – партофту рафт; тоқати меҳмон надошт, хона ба меҳмон гузошт. Ҳоло чӣ мешавад, надонад.
Аёз боз бо ў рў ба рў шуданист ё не ва рафту рў ба рў шуданд, онҳо ба ҳамдигар чӣ бояд гўянд? Аёз «аз гуноҳи ман гузар»
гўяд, ў чӣ ҷавоб диҳад? «Намедонам, намедонам, ки чӣ гўям...
ман аз ўҳдаи бардоштани ин бори гарон намебароям... бигзор, ин чизро падар ба ўҳда гиранд». Ў як пой аз остона берун монд, пои дигарашро низ, вале пеш рафта натавонист; қадаме дуртар аз дар бозистод ва рўй бар падар дошт, ки шояд чашм кушода, ўро бинад ва фармояд, ки наздаш равад. Аммо чашмони падар кушода намешуданд, балки сараш оҳиста-оҳиста хам мешуд ва манаҳаш дар банди дилаш расид. Фаёз яқин кард, ки падарро хоб бурд. Якбора ба ў даст расондани Ниёз мағзи сарашро ба дард овард, хаёлашро парешон кард, вале ғазаболуд бошад ҳам, ўро тела надод, ҷанг накард, зеро ошуфтаву парешон будани зану кўдакашро медонист; рафту ҳозир Фаёз андаке дағалӣ ва лату иллат мекард, Ниёз ба гиря медаромад, зеро ў аз кори кардааш
– аз ҷормағзбозиаш пушаймон гашта буд, ки ин қадар арбадаву пархошу таънаву иддаоро ба сарашон овард, боиси ғаму ғуссамандии Гулбарг шуд.
Барои ҳамин Фаёз баргашта ба писараш нигарист ва аз китфи ў андаке тела дод, ки назди модар дарояд, вале Ниёз гарданшахӣ карда, такя бар паҳлўдарӣ зад, то муносибати падару боборо бубинад.

пешина
аз 279
навбатӣ