Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дигар гап надорам, ба худаш супоридам! – даст ба осмон бардошта гуфт Сабзина.
— Ба дуои кўрмуш борон намеборад... Қиссонда шин! Ман бо ту манҷалақӣ нохуни ҷанг надорам, лекин ана он сағираи шумро зада мекушам! – паст намеомад очаи Аббос.
«Сағираи шум» гуфтани ў Ниёзро ба Гулбарг сахт расид, ба ҷанг шарик шуд:
— Занаки беобрў будаӣ, берў будаӣ...
— Ҳар чӣ бошам-набошам, аз таги пои шўи худам дур нарафтаам, – таъна мезад ў ва ҳарфи мардумро ба инобат гирифта ишораҳои нофаҳмо мекард: – Думовард надорам, баччаҳом аз шўи худам.
Гулбарг, ки таги гапро намедонист, ба сухани ў эътибор надод ва дид, ки бо ў сар ба сар шуда наметавонад, ба хона даромад.
Сабзина низ хуни дар рухсораш шоридаро кафмол карда, ҷониби хонааш рафт... Аммо очаи Аббос даст ба миён гузошта, дилакзанон нафас гирифта синаҳои дўлашро ҷунбонда, навохту навохт ва магар монда шуд, ки дастонашро якбора ба қадаш нишеб кард ва рў сўи хона оварда, баччаҳои рангкандаашро дида, алам аз онҳо ситониданӣ шуд: «Ҳа-а, дар ҳалқи додотон...» Баччаҳо мисли чўҷаҳои хўсонда тозон ба хона даромаданд. Аммо очаашон бар остонаи даҳлез нишаста чашм ба дари Сабзина дўхт ва худро паҳлавони музаффар дониста, гўё нишаста, нафас рост мекард, вале бадгўиаш намегузошт, ки ў нафас рост кунад:
— Ҳолӣ ист, ҳамаи инро аз биниат мебарорам...
Нафасаш гашта, қарор нишаста наметавонист; мехесту менишаст, сари синаи фарбеҳаш пасту баланд мешуд ва чашмонаш беқарортар аз нафасаш буданд, чизеро фурў бурдан мехостанд ва ё сўзондан; нигоҳаш зуд-зуд аз дари хонаи Сабзина ба дари меҳмонхона бармехўрд ва аз дари меҳмонхона ба дари хонаи Сабзина, ҳоло аламаш набаромада буд; мехост бо нигоҳи беқарораш яке аз онҳоро дошта, боз гўяд, боз навозад...
... Ва ба ҷои ин ҳама бобо асо ба даст аз дарвоза ворид шуд ва аз паси ў Аёз даромад. Очаи Аббос ба асо гирифтани бобо ҳайрон шуд ва барои он ки ба ғазаби бобо гирифтор нашавад, бархоста, доман афшонда, ба хона даромад. Бобо гумон кард, ки дар ҳавлӣ ҷуз он келин каси дигар нест, ҳама ба ҷое рахти сафар бастаанд, барои ҳамин келин бар остона нишаста, андеша дорад, то минбаъд чӣ кор бикунад. Бобо ба меҳмонхона надаромад, балки бехи дарахти чормағз ду бари ҷомаро ба зер лўнда карда нишаст ва такя бар дарахт зада оҳи мадиде кашид, ки аз зиндагӣ, аз роҳ, аз фарзанддорӣ монда шуда бошад. Аёз ба ў чизе нагуфта ба хона даромад, зеро медонист, ки сухан кардан ба падар фоида надорад ва намефорадаш...

пешина
аз 279
навбатӣ