Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ку, ман ту зўра бинам! Аббос аз камари додот нашудааст, ки ўро занӣ! Аз камари додот бачча мешуд, мана ба ин манҷалақӣ мешуд! – Сабзинаро нишон дода гуфт ў.– Аз Фаёз нашуд, аз Намоз нашуд, тани худро ба Аёз бахшид! Мур! – гўё бо ин суханони бемавриду ноҷо ҳама қиссаро ба Гулбарг гуфтан хост, фаҳмондан хост, то занаки бегона мувофиқи хости дили ў рафтор кунад; ў ба Гулбарг на авсун, балки палонҷ будани Сабзинаро таъкид кардан хост. Аз овозаю дарвозаҳо чандин сол гузашта бошад ҳам, бўи мурдоби гандидаро баровардан мехост, маддаи дил мекафонд, алам ситониданӣ буд. Гулбарг ҳайрон буд; ғами писарро мехўрд ва хиҷолат ҳам мекашид, ки чаро ба ин мулк омад; барои ў шуда коҳи кўҳнаро бод мекунанд, ба ҷароҳат намак мепошанд, ба шўрбои косаи ў заҳр меандозанд: «Ман барои ин наомадаам». Ў ёрои ҷангу ҷангҷол надошт ва ин чизро муносиб ҳам намедид, ки бо ин мулку касон ошно нашуда, расму ойинашонро наомўхтаву надониста, ба ҷанг хезад. Вале меларзид, ранги рўяш канда, дар танаш як ҳолати ногувор пайдо шуд. Сабзина кию чӣ будани худро медонист, ҳоҷати ўро ба худаш шинос кардан нест; алҳақ беҳтар аз худаш ўро касе намедонад, вале ба Гулбарг ўро чунин пешниҳод кардан сахташ расид. Дандон ба дандон монда хеле тоқат кард, аммо мисли шере, ки баччаашро зўран рабуда бошанд, ғуррид: «Ту, манҷалақӣ, чиҳо мегўӣ? Ҷалабии мана дида будӣ, дошта будӣ?» Ва баъд панҷаҳояш чанголи гирои шерона шуданд, дандонҳояш зиҳ заданд, чашмонаш косаи хун гаштанд, Гулбаргро ба ҳоли худ монда, ба муқобили арбадаю дўғу даранги очаи Аббос вазнин қадам пеш андохт, то яку якбора аз гулўи ў гирад, зеро ҳама ҳарфу ҳарфчаҳое, ки дар хусуси Сабзинаю Намоз пайдо шуда буд, аз забони ин зан буд ва ин зани дўлсина бо ҳама афту андом ва шаттоҳию баддаҳониаш ба Сабзина намефорид: давраолой буд, ғаммоза буд, шўрандоз буд. Барои ҳамин ў мисли шеру паланг сўи ў чангол тез кард. Вале часпочаспи онҳо на шерона, балки боз занона шуд; мисли ду мокиён каме гардан ёзонда, ба ҷанг даромаданд: мўйканиву рўйканӣ карданд; миёни кашу пархошҳо баробар мегуфтанду ҳамдигарро менавохтанд, арбадаю шаттоҳию таънаю маломат карда, баробар мегуфтанд ва чигуна мешуд, ки гуфтаҳои якдигарро фарқ карда ҷавоб ҳам медоданд. Аммо Гулбарг ба баробар гуфтани онҳо гўш диҳад ҳам, сарфаҳм намерафт, ки онҳо чӣ мегўянд. Ҷанги баччаҳо як тараф монд: Ниёз хона даромад, баччаҳои Намоз тамошогар буданд, вале занҳо менавохтанду менавохтанд:
— Мур! Ту беномус, мур! Таната ба се бародар бахшидӣ, боз забонат – як қулоч! – таъна мезад очаи Аббос.
— Бахшидам-набахшидам, боло Худо медонад... Илоҳо, ин тўҳмате ки ба сари ман омадааст, ба ту ҳам часпад! Илоҳӣ маззаи тўҳмати ноҳақро ту ҳам чашӣ!

пешина
аз 279
навбатӣ