Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

модари шаттоҳи ў баромад, ки дастак зада, садо карда ва навохта аз дари хона берун омад:
— Ин чӣ рафтор! Ин чӣ гуфтор! Ба омадаҳо рўз ҳасту ба мо не?! Дар хонаи худамон рўз намедиҳанд! Ин чӣ рўзи сиёҳ! Ку ман он зўра бинам! Ваята канда, дар ваят назадаам! Ҳе, дар ҳалқу даҳанат... Ту боз ба як реза ҷонат одамзан ҳам ҳастӣ?! Ҳе, дастат шиканад!..
Модари Аббос мисли бало меомад, аммо Ниёз намедонист, ки чӣ кор кунад; дар ҷояш шах шуда буд.
Ў як бор сўи меҳмонхона нигарист, ки шояд модараш баромада ёр шавад ва падараш... Ба ҷои онҳо Сабзина баромад; маншаю, арбадаю беобрўиҳои занакро дида дар остона бозмонд. Гулбарг низ аз дар берун омаду шах шуд, ки ин зани ношинос чаро арбада дорад ва девсурат сўи писари ў меояд. Гулбарг ҳам ношинос ва ҳам бегона, Сабзина бо ин зани шаттоҳ ногапӣ ва сари маншаю хархаша надорад, зеро медонад, ки сароғозин зан ба ў чӣ мегўяд, чӣ таънаҳо мезанад, боз коҳи кўҳнаро бод карда, ўро нопок мебарорад, ба пои шўяш мебандад, бо тўҳмати каснадида шармандаю шармсор мекунад, барои ҳамин дилу нияти пеш рафтан ва ё ба ин кор ҳамроҳ шудан надорад... Гулбарг як ларзид ва беихтиёр қадам пеш андохт, то писарашро аз чанголи ин ҷалоҷин эмин дорад. Ва Ниёз аз ҳайату омади гирдбоди бало тарсид, ки рў тофта гурехт ва худро ба оғўши модар зад. Модар ўро зери домон пинҳон кардан хост, аммо дид, ки ў баччаи калон шудааст, сахт оғўш гирифта, миёни занаку писараш девор шуд.
Лекин модари Аббос қарор намегирифт: «Ба ҳар кас бачча азиз!» гуфта, чу ҷонситон мерафт, дастак зада, арбада карда, мерафт.
Сабзина, ки кӣ будани ин занро медонист, аз рўи эҳтиёт пеш омада, паҳлўи Гулбарг истод, то ўро мададгор шавад ва ў пушт ба Гулбаргу рўй ба зани шаттоҳ дошта мисли ҳайкал рост истод, ки ҳаргиз аз садд гузашта намешуда бошад. Ў на фақат Ниёз, балки модари ўро низ аз ин бало нигаҳ доштан мехост. Ва бисёр метарсид, ки Фаёз аз меҳмонхона баромада ба ин манша ҳамроҳ нашавад. Вале аз арбадаю рафтори авсуни баттол халосӣ набудагӣ барин; ў маҷбур созад, ки Фаёз ҳам ба ин ҷанҷол ҳамроҳ шавад... Аммо Фаёз даруни меҳмонхона каф ба гўшҳо гузошта, тоқат мекард, ки на сухани ўро шунавад ва на ба ин ҳангома шарик гардад.
«Гурез, ба хона даро!» оҳиста ба гўши Ниёз гуфт модар ва ўро андаке тела дод, то ба меҳмонхона дарояд ва худ баргашта рў ҷониби занак овард; пайкари резаи ў, шиками дамидаю синаҳои то рўи шикам кашолаш, чашмони танг ва лабони нафиси мисли корди чархдоштаи ў чӣ будану кӣ набудани ўро муайян мекарданд.

пешина
аз 279
навбатӣ