Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

ва на чандон дур калопучҳоро партофт, ки Аббос бандад, аммо ў розӣ нашуд:
— Чаро калопуч?
— Калопучҳои худат.
— Онҳо калопучҳои ман, ту аз они худатро парто!
Ниёз чормазғҳои ахча партофт; дур партофт, наздик партофт, рост бозӣ кард ва ҳама чормағзи онҳоро бурд. Ин чиз боз ба Аббос нафорид ва ў ба фиребу найранг гузашт, то чормағзҳояшро баргардонда гирад.
— Мо шарт карда будем, – гуфт Ниёз.
— Шарту парт надорад! – гуфта пеш омад Аббос ва як лагад ба кисаи вазнину кашоли Ниёз зад. Чормағзҳо садо карданд ва чанде аз даҳони киса берун ҷаста, афтоданд. Ниёз дар ғазаб шуд, вале чӣ гуфтан ва чӣ кор карданро надонист. Аббосу бародаронаш ўро миёна гирифтанд.
— Ма, ба ту чормағз лозим бошад, ма! – сўи ў чанд чормағз дароз кард Ниёз.
— Мо ту барин гадо не...
Ниёз чизе нагуфт ва чормағзҳоро ба замин рехта, бо пои бараҳнааш кўфт.
— Ту моро кӣ гумон кардӣ, берўзӣ! Ба чормағзҳои ту мурда будем? – дов дошт Аббос.
Ниёз дид, ки онҳо ангези ҷанг доранд, мушт гиреҳ карда истод ва чун Аббос аз гиребони куртаи карбоси ў гирифт, як мушт ба банди дасташ зад. Аббос гумон кард, ки банди дасташ шикаст, вой-вой карда ба замин нишаст, то дигарон ба ў раҳм кунанд ва баробараш ба Ниёз часпанд. Чун дид, ки дасташ сиҳат аст, хест ва бо ишораи ў ҳама ба Ниёз баробар дарафтоданд. Ва Ниёз мисли каҳрамонҳои нахустмаъракаи афсонавӣ худро афшонда, онҳоро дур андохтанӣ шуд, вале баччаҳои ҳамсоя ба Аббосу бародаронаш ёвар шуда, ба Ниёз часпиданд, то аз пой афкананд. Вале нашуд; як тараф тела дода, ўро афтонданӣ шаванд, тарафи дигар, ки низ ўро афтондан мехостанд, муттако мешуданд ва диданд, ки нашуд, ба кашокашу либосдарронӣ даромаданд. Ниёз боз худро афшонданӣ шуд, вале дар иҳотаю чанголи онҳо ин корро карда натавонист.
Мушташ аз дасти баччаҳо раҳо шуда, ба даҳону бинии Аббос бархўрд ва фиғони ў то осмон рафт. Баччаҳо тарсида Ниёзро сар дода дур рафтанд, аммо дере нагузашта сангу чўб оварда Ниёзро заданӣ шуданд. Ниёз омади ҳар сангу чўбро реб дода, аз лату зарб эмин мемонд ва чолокона хам шуда сангу чўби андохтаи онҳоро аз замин мегирифт ва баргашта ба эшон меандохт, ҳамлавар мешуд.
Баччаҳо пароканда гаштанд ва ба гўшакӣ даромаданд... Аббос даст бар лабу даҳон сўи хонаашон рафт ва дере нагузашта садои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё