Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Барои чӣ вай ин тараф нигоҳ карда механдад, хола?
— Гуфтам-ку, аҳамият нате, – сандуқро кушода ва аз даруни он чормағзҳои калон-калон бароварда гуфт Сабзина.– Дидӣ, ген ҳам лозим не.
Ниёз чормағзҳои вазнинро гирифта берун баромад ва рўи ҳавлӣ довталабона мегашт, то кӣ ёрӣ бозӣ шуда тавонад, аммо касе пайдо набуд. Сонӣ назди падару модар даромада чормағз додани Сабзинаро гуфт, аммо сухани Аббосро фаромўш кард, бад нигоҳ карда гузаштани марди зардинаро низ нагуфт. Дар назди падару модар дар куртааш нагунҷида, чормағзҳоро аз як гўша ба гўшаи дигари хона меғелонд, ҷамъ мекарду боз меғелонд. Ў дар хона нағунҷид, тохта берун баромад, қубба сохт, бо ген зада вайрон кард, боз сохту боз вайрон кард... ва ниҳоят писарони Намоз баромада байни худ бозӣ карданд, миёнашон машварат шуд, назди Ниёз омаданд ва боз бо ў бозӣ карданд; онҳо назарногирона бозӣ карданд, Ниёз чормағзҳои онҳоро бой бурд, ба онҳо нафорид, ба ў часпиданд, ки Ниёз ғиром аст ва ҳаром бозӣ мекунад, чормағзҳояшонро гардонда диҳад. «Бозӣ аст ин» гуфт Ниёз ва хеле андешида чормағзҳояшонро гардонда дод. Онҳо қонеъ нашуда боз даъво карданд, Ниёз аз чормағзҳои худаш низ дод, сонӣ онҳо талаби бозӣ карданд, лекин Ниёз муроди онҳоро фаҳмида бозӣ накард.
— Чормағзи моро бурдӣ, акнун бозӣ бикун, – гуфтанд.
— Ку? Ку он чормағзе, ки ман бурдам?
— Ку-куятро мон, думликконӣ накун! – дов кашида омад Аббос.
— Лекин гардонда намедодагеш! – шарт монд Ниёз.
— Майлат! Парто! Ин дафъа «қубба» нею «буд-буд». Панҷтоӣ парто!
— Ана! – ситеза карда панҷ чормағзро дур андохт Ниёз.
— Чаро ин қадар дур? – норизо буд Аббос.
— Ту низ дур бубанд, – муросо мехост Ниёз.
— Не, дур, қол гирифта намешавад, – баҳона кард Аббос.
— Набошад, ту дур парто, ман мебандам, – хоҳиш кард Ниёз.
— Майлат, ана! – дуртар аз ҷои партофтаи Ниёз панҷ калопуч андохт Аббос.
Ниёз «Ба кадомаш ки расад» гуфта чормағзеро ғелонд, ки аз миёни калопучҳо ғелида гузашта, ду-се қадам дуртар бозистод, се чормағзи дигар ғелонд, ки ҳамин хел бозистод, вале чормағзи панҷумро сахт ғелонд, вай ба калопуче бархўрда, чандон дур нарафт ва Ниёз аз масофаи наздик калопучҳои дигарро зада гирифт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё