Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Аммо ин чиз ба кўдакони Намоз нафорид; онҳо аввал дўғу даранг карданд, ки чормағзи онҳоро нагиранд, сонӣ худашон ёри бозӣ шуданд; дар халтакисаҳои бари рости куртаашон чормағзу саққо ҷамъ карда, аз саҳар то чашмашон дидан бозӣ мекарданд; Ниёз низ ба модараш фармуд, то ба ў низ чунин халтакиса созад. Модараш «ман наметавонам» гуфт, Сабзина чоки бари куртаи ўро канда, киса сохт.
Баъд ў саққо ва чормағзҳоро ба киса зада, рўи ҳавлӣ баромад, то бо баччаҳо бозӣ кунад, аммо модари баччаҳо онҳоро ҷеғ зада гирифт ва нагузошт, ки бо Ниёз бозӣ кунанд. Ва дар дами дарашон чизе гуфт, ки онҳо гаштаю баргашта ба Ниёз нигаристанд, забон намудаю бинӣ кашида даромаданд. Ниёз рўи ҳавлӣ танҳо монд ва ба шохаи дарахт санг андохт, ки чормағзҳои хандонро зада афтонад... Ва ҳамин вақт Намоз «иш-иш!» гуфта аз дарвоза хари пурборро пеш андохта даровард ва бад-бад ба Ниёз нигоҳ кард, зери лаб чизе гуфта гузашт, ки ў нафаҳмид. Намоз занашро даъват карда ҷуволро аз пушти хар канданд ва хар зери дарахт омада, баргҳои аз зарби санги Ниёз ба замин рехтаро чида хўрд.
Ниёз ҳарчанд ба онҳо нигоҳ кардан намехост, дили тифлонааш ўро ба ин роҳ меандохт.
— Чӣ дидӣ!? – нигоҳи Ниёзро дида пўписа кард Намоз ва писарак сар хам карда хона даромаданӣ шуд, ки Сабзина баромад.
— Беимон, кўдакро надонад... Нигоҳ кардан катӣ, гандуми ҷуволи туя хўрд! – пеши пояш нигариста, гўё худ ба худ мегуфт Сабзина, аммо ба Ниёз чизе нагуфта, хокрўбаи ба хокандоз бардоштаро бурд, то аз дарвоза бароварда ба партовгоҳ андозад. Лекин Ниёз ба ин чизҳо сарфаҳм нарафта, аз чормағзҳо қубба сохта,
1 чанд қадам дур мерафт ва бо ген зада қуббаро вайрон мекард, аз давраи кашида берун мебаровард; мечид, месохт, вайрон мекард ва худ ба худ меғуррид. Ҳамин вақт писари калонии Намоз Аббос дартоз омада харро аз зери чормағз гардонд ва Ниёз дилсофона ўро даъват кард:
— Биё бозӣ.
— Ҳу, бо ту гадо?! – харро сўи оғили он тарафи ҳавлӣ, ки хоси онҳо буд, ронда гуфт Аббос. Ниёз дурудароз ба он сў нигарист, аммо ба сухани ў сарфаҳм нарафт: «Чаро гадо?» Ва тозон назди падару модар даромаданӣ буд, ки Сабзина ўро боздошт:
— Шери хола, биё чормағзҳои калон-калон медиҳам, ҷўраҳоят, ки омаданд, бозӣ мекунӣ, – хандон гуфт, то Ниёз сухани Аббосро фаромўш кунад. – Ҳар чӣ баччаҳои онҳо мегўянд, – ба дари Намоз ишора карда давом дод ў, – аҳамият нате, онҳо ҳама нимсоқу нимҷинӣ: падарашон ҳам, худашон ҳам.
- Саққо Ниёз аз паси Сабзина ба хона даромад ва яке чашмаш ба Аббос афтид, ки нигоҳ карда, механдад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё