Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Гулбарг чизе нагуфт, балки вазнашро батамом ба писар партофта буд, Фаёз ин чизро пай бурд ва назди ў сари зону нишаста пурсид: «Ба ту чӣ шуд? Худатро ба даст гир, мо бармегардем, бармегардем... Андак ошўби роҳҳо паст шавад... Дар пеш зимистон, мо расида наметавонем...»
— Баъд дер мешавад...
...Фаёз ба гумҷўии бародар рафта натавонист.
Хоҳараш хабар овард, ки худи падар ба ҷустуҷўи писар баромадааст ва хоҳиш кард, ки Фаёз зану писарашро гирифта ба хонаи ў раванд, аммо Фаёз ба он ҷо ҳам нарафт, мунтазир буд, ки падар чӣ хабар меорад. Мувофиқи он рафтор бикунад... «Баъд дер мешавад» гуфтани Гулбарг он вақт ба Фаёз чандон таъсир накарда буд, аммо истода-истода хуни ўро ба ғалаён овард: «Барои чӣ ин хел гуфт? Магар ў ягон чизро медонад?»
— А, Гулбарг! Дер мешавад, гуфтанат чӣ маънӣ дошт? – дар меҳмонхона, ки ҳардуяшон монда буданд, пурсид Фаёз.
— Худатон гуфтед-ку, зимистон меояд, рафта наметавонем,
– дар асл Гулбарг дигар чизро дар назар дошт, аммо чунин ҷавоб дод.
Дар меҳмонхонаи торик хомўшӣ ба миён омад; дилгир, ғашовар, воҳимаангез, гўё аз нохушие дарак медода бошад. Онҳо низ ба хомўшӣ гўш дода, мунтазири ягон хабаре буданд. Ҳар ду танҳо, Ниёз куҷое бозӣ мекунад, ё назди Сабзина рафтааст; хонадони Намоз низ ором – садои кўдак намебарояд; дар ҳавлӣ оромии мутлақ, Фаёзу Гулбарг гўё аввалин бор дар танҳоӣ нишаста, дар бораи одаму олам андеша мекунанд ва гўё бори нахуст аст, ки ҳамдигарро танҳо ёфтаанд, сар бар сари китфи ҳамдигар гузошта, ғами якдигарро мехўранд. Таги дили Гулбарг сиёҳӣ дорад, барои ҳамин бозмондан нахоҳад, аммо ин чизро ба Фаёз намегўяд, то малол нагирад: «Дар манзили ман омада дилат сиёҳӣ баровард?»
нагўяд.
— Чаро инҳо наомаданд, янга? – садои хоҳари Фаёз буд, ки аз Сабзина мепурсид.
— Авсун нотобанд! – ҷавоб дод Сабзина Гулбаргро дар назар дошта.
Сонӣ хоҳар сурфида ба дари меҳмонхона наздик омад:
— Ако, ако! Хобед ё бедор?
— Биё, биё, бедорем!
— Янгам нотоб шуданд?
— Хаста шудааст, – ба дар омада гуфт Фаёз.
— Хона биёред, гуфтам, наовардед, баҳри дилашон мекушод...
Боз Ниёз беҳтар, ба хона омад, ҷўраҳо пайдо кардааст...
Ниёз ҷўра пайдо кард, бо кўдакони аммааш, бо писари усто Собири дуредгар ва Ёқуби писари осиёбон, бо Раҷаби Дўст ошно шуд ва онҳоро ба ҳавлии бобоӣ овард, то «буд-буд» кунанд; аз чормағзи рўи ҳавлӣ канда, қуббаю кампирғелонак кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё