Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

медонед, ин чӣ гуфтанӣ гап? Маблағи як давлати муктадир лозим...»
«Ин хел давлати муқтадир Германия аст, ҷаноб».
«Дуруст, лекин афсўс, ки ба ин кор давлат не, балки савдогарҳои калон даст задаанд... Эҳ хонум-хонум, медонед, ин кўҳистон чӣ мавзеест? Ин ҷоро хазина гуфтан кам аст. Мо ҳоло аз гирди лабу даҳони он холи сиёҳ меҷўем, аммо ба дилу ҷигари он нигоҳ кардан муяссар нашудааст... Ба кӣ насиб мешуда бошад он?»
«Ба кам қаноат кунӣ, ба бисёр расӣ».
«Ҳамин тавр... Ҳамин тавр, хонум, ҳамин тавр, лекин одамӣ ба дода қаноат намекунад, аз баднафсӣ ё гулў медарронад ё шикам...»... Бобои Наврўз ёд надорад, ки дар Кўҳистон чунич шўру балвоҳо рух зада бошад. Миру бекҳои маҳаллӣ, бойҳо қувваи коргариро ба ҳаққи ночиз истифода мебурданд, вале ин хел, ки ба ғайр аз ҳаво дигар аз ҳама чиз андоз гиранд, набуд, не, бобои Наврўз ёд надорад. Юриши Искандарро медонад, истилои арабро медонад (хондааст, шунидааст), хурхориҳои муғулро медонад, ки ба якборагӣ ба шамшер сар аз тан ҷудо карда, оламро дар чашми фарди зинда торик мегардонд, вале ин зайл ки масли зуллук хун макида, инсонро пўсту устухон гардонда ва шираи тани ўро кашида гиранд, набуд; азоби якбора куштан камтар аст нисбат ба он ки каси бегуноҳро аввал дасту пой банданд, гўшу биниву забон бурранд, чашми ў кобанд ва ё пўсташ кананд. Бобои Наврўз вазъияти Кўҳистонро ҳамин хел мефаҳмад: волост нашуд, бало шуд, кўҳбон нашуд, аждаҳо шуд. Хироҷу дудпуливу танобпулӣ рўзафзун бар дўши халқ санги вазнин пахш мекард.
Дарвоза тақ-тақ шуд, аммо бобо аз сари ҷойнамоз нахест, намозро буридан узрест бадтар аз гуноҳ. Вале ў зимни тиловату гузориш андеша мекард, ки шояд ин ҷо чизе бошад: ё боз андоз талаб мекунанд ё бешабонҳо хона ба хона гашта чўбу ҳезумҳои аз кўҳ «гумкардаашонро» мекобанд. Бобо намедонад, ки ў кист?
Садо намекунад, ҷеғ намезанад, танҳо ҳалқа бар дар мекўбад ва бобо аз рўи беҷуръатиаш медонад, ки ягон каси бечора аст, ки кораш ба бобо афтидааст, вагарна одами иддао дошта ин зайл рафтор намекунад, алалхусус андозчин ва ё бешабон бошад; онҳо ҳуқуқ доранд, рухсат доранд, ки бе пўшт-пўшт ба ҳавлии ҳар кас даромада дўғу пўписа кунанд. Бобо саҳл монда буд, ки намозро буррад, зимни андешаҳои пароканда, ки гоҳе хаёлаш ба бечорагои мерафту гоҳе ба гирудори замона «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!» гўён ба рост гардан тофт ва чашмаш ба дарвоза наафтид ва ҳамин ки ин таркибро такрор карда ба чап дурусттар гардан тофта, дарвозаро бо гўшаи чашм баста дид, аввал китфи ҳайрат ба ҳам кашиду сонӣ даст ба дуо бардошт; дуо мехонду аз дил мегузаронд: «кӣ бошад?» Бобои Наврўз саросема нашуд, ба хотири садои дар намозро набурид ва чунон ки пештар ҳам рўи ҷойнамоз дурудароз нишаста, камарчаашро кушода ва тасбеҳ гардонда, ба хотири пайғамбарон, азизон ва рўҳи падару модар, занаш ва Фаёз бахшиш мекард, ин дафъа низ ба зудӣ аз ҷой нахест ва баъде ки ҳама расмият ба ҷо омад, ҷойнамозро бардошта хест ва сурфид.

пешина
аз 279
навбатӣ