Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Барои он сурфид, ки дар паси дарвоза ҳар кӣ бошад, садои сурфаи ўро шунида, дарак аз будани хеш диҳад, аммо ҷавобе намеомад. Бобо ҳамон зайл гўё ки гулў равшан мекарда бошад, паст-паст сурфида то дарвоза рафт ва оҳиста табақаи онро кушода ба берун нигарист. Касе набуд. Бобо ҳайрон шуд. Ҳайрон шуд, ки дар намози дигар ба кӣ лозим шудаст, ки дар кўбаду ғайб занад.
Ў хаёлаш, ки касе кўдакона бозӣ мекарда бошад, паси девори боғ, буни дарвозаи ҳамсоя ва тангкўчаи дарозро аз назар гузаронд, аммо касеро надид, баргашта ба ҳавлӣ даромад ва ба дилаш оташ афтидагӣ барин боз аз худ пурсид: «кӣ бошад?» Боз баргашта ба дарвоза нигашт, ки касе онро кушода бошад. «Сабзина ҳам наомад» гушна мондагӣ барин аз дил гузаронд ў ва ба хона даромад, ки нон бароварда ба об тар карда хўрад. Ҳамин ки аз остонаи хона қадам ба дарун ниҳод, дарвоза боз тақ-тақ шуд. «Ҳў-ҳў!» болои остона бозистода садо дод бобо, то касе бошад, дарояд. «Амак!»
садо омад аз паси дарвоза ва паллаи дарвоза кушода шуд. Бобо каси садо кардаро аз овозаш нашинохт; ба одами ин деҳа монанд не, зеро бобо хурду калони деҳаро аз овозаш мешинохт, вале ин овоз барои ў бегона аст. Ва ҳамин ки он кас сар аз дарвоза дарун даровард, бобо ўро шинохт.
— Э биёед, мулло Ашўр! – аз рўи остонаи хона берун баргашта, даъват кард бобо.
Нашинохтани бобо ҳам ҷон доштааст, Ашўр аз мардумони Некон нест, аз Кошона, аз мардумони бечораи Кошона, чӣ кораш баромадааст, ки назди бобои Наврўз омадааст. Вале ў аз мардумони бечора, ки аз Худо расад гуфта, ба тақдир тан дода, даст зери каш гирифта мешинанд, нест, балки меҳнат мекунад, то рўзи баччаҳояш гузарад Ва касби заҳматталаби меросӣ ҳам дорад:
манқалсозӣ кори ўст. Дар пушти боғи бобоӣ кўраи меросӣ ҳаст, ки аз кўҳ ҳезум оварда дар он кўра ҷой мекунад, сонӣ оташ зада, даҳони кўраро лой мекунад, аз паси дари лойкарда ва тори кўра равзан мегузорад, то ҳаво даромада оташ намурад ва баъди як ҳафта кўраро кушода, мебинад, ки ҳезум манқал гаштааст. Баъд манқалро ба ҷувол ҷой карда, ба хар бор карда, ба Панҷакат ва баъзан Самарқанд бурда ба чойхоначиҳо мефурўшад. Ҳамин зайл кор мекард Ашўр. Вале ҳамин ки ангишт рўи кор омад, кори ў касод шуд; зери таҳдиди бешабонон монд: вақти аз кўҳ ҳезум оварданаш ўро ҷарима андохтанд, ҳезумро кашида гирифтанд ва ў маҷбур шуд, ки чанд касро шоҳид андохта, дарахти чормағзи боғашро бурида манқал карда, бурда ба чойхоначиҳо фурўшад ва қарзи ҷаримаро диҳад. Чунин кард, аммо аз қарз халос нашуд, боз қарздор монд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо