Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Дар кони ангишти Заврон коргар шуд ва ба чойхоначиҳо ваъда дод, ки ба ҷои манқал ангишт меорад. Чанд шаб ба Панҷакат ангишт бурд, барои Бўрӣ, аммо дере нагузашта ба даст афтид ва ўро аз кор пеш карданд. Акнун барои чӣ омада бошад?
— Шамоли куҷо парронд, мулло Ашўр?
Дар гулўи Ашўр сухан гиреҳ зад ва мисли санг гашт, ки ҳарчанд ў фурў бурдан мехост, намешуд. Ба нигоҳи бобо ч кор карданашро надониста зуд-зуд мижа мезад ва аз ҷунбидани кафтари гулўяш маълум буд, ки чизеро фурў мебарад; чашмонашро пўшида гўё ки доруи талхи дар гулў дармондаро фурў додан мехоста бошад, чашм мепўшад, рўй турш мекунад.
— Ма... мадад кунед, амак... — Ҳамин қадар гуфта тавонист ў, вале бобо наметонист, ки чи хел мадад кунад.
— Чӣ хел мадад?
— Бешабонҳо хонаковак карданд, амак. Аз коҳдон чўбҳои солҳои пеш додом овардаро ёфта, ҷарима андохтанд... Медонед, вай каянгӣ сол? Аз мурдаи додом понздаҳ сол гузашта бошад...
эҳе-е-е... лекин ба кӣ мегўӣ? Ҳамин қадар гуфтам, ки агар ҳамин чўбҳоро ман бурида бошам, дастам хушк шавад, бовар накарданд, амак. Нашуд. Ҷарима калон. Молу мулкам намерасад. Молу мулки мана худатон медонед: як хару ду ҷуволу як дар хона... Намедонам чӣ кор кунам. Назди шумо омадам, ки чӣ маслиҳат медиҳед.
— Чӣ маслиҳат медиҳам. Волӣ набошам, оқсақол набошам, сардори бешабонҳо набошам.
— Медонам, ки нестед, амак, лекин дар ҳар ҷо суханатон мебуррад...
— Замоне суханам мебуррид, ки ҳама қозию муфтӣ худӣ буданд, ҳозир касоне ҳастанд, ки ҳатто лафзашонро намефаҳмам. Онҳо аз куҷо медонанд, ки ман кӣ ҳастам. Сухан кунам, ту кӣ гўянд. Як пирамарди кўҳистонӣ гўям, китфи ҳайрат ба ҳам мекашанд. Он гоҳ чӣ мешавад?
— Не, амак, сухани шумо мебуррад, ҳама мегўянд, ки қадаматон муборак, рўятон имон дорад, аз рўятон гузашта наметавонанд.
Бобо ба андеша рафт. Ҳамин тавр, сукут. Вагарна дар бораи чизе фикр намекард. Гўё ҳама чиз аз сараш дур шуда буд ва дар ин лаҳза илтимоси Ашўрро низ фаромўш кард. Вале ба назари Ашўр чунон менамуд, ки ҳалли муаммои ўро меандешад. Барои ҳамин чизе намегўяд, то риштаи хаёли ў канда нашавад. Ашўр ҳамин чизро мехост, яъне намехост, ки ба вай халал расонданашро нафаҳмида монд: Ҷунбид; пои зер карда нишастаашро аз бори гарон озод карданӣ шуда, каме дароз кард ва кати чўбин ғиҷҷиррос зад ва бобо монанде ки барои огоҳии ў ин корро карда бошанд, як қад парид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо