Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Намедонам, наметонам, – гўё то алвақт дар ин хусус фикр мекарда бошад, гуфт бобо.
— Дигар каси мадад мекардагӣ нест, амак.
— Аз моли ҷаҳон чизе надорам, ки ба ту бахшам, то қарзатро адо кунӣ.
— Як даҳан ба онҳо гўед, шуд... сарам ба осмон мерасад...
вагарна медонед чӣ мешавад?
Бобо ба ў нигарист ва яқин кард, ки ана-ана дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад.
— ... вагарна медонед чӣ мешавад, амак? Ман бояд духтари яккаву ягонаамро ба савдо монам.
Бобо якбора ба ў нигарист. Дар ҳақиқат Ашўр гирист. Гиряаш :
чунон талх буд, ки садо бароварда наметавонист; боз ҳамон чизи номаълуму ноаён гўлугир буд ва намегузошт, ки садои ў барояд.
Бобо як мадд кашид. Мазмун, гуфтанӣ буд, ки ин савдо дар кўҳистон аввалу охир нест, аммо ниҳоят савдои вазнин аст, нангин аст, сангин аст. Инсон ҳама гуна савдоро бахшида метавонад, аммо савдои танро намебахшад.
— Шумо медонед, ки чӣ қадар ба онҳо гуфтам, фаҳмонданӣ шудам, аммо нафаҳмиданд. Ин чўбҳо аз қадим мондагӣ гуфтам, аммо сухани худам ба сарам бало шуд: «Шумо душмани табиат, душмани зебоӣ будаед» мегўяд, аммо намефаҳмам, ки чӣ хел душман. Баракс вайҳо душман. Ба ҳама чизи мо хўҷаин; ба замини худамон пул медиҳем, гўё ки аз они онҳо – аз они подшоҳ бошад, аз кўҳи худо меҳнат карда ҳезум меорему ба онҳо пул медиҳем...
ин гапи куҷо?
— Ин чизро онҳо хуб медонанд, Ашўр, лекин донистан намехоҳанд... Бо онҳо ҳазл карда намешавад, Ашўр, қонун дар дасташон, яроқ дар дасташон... Шукр кун, ки кашу фархаш накардаӣ, вагарна мисли Ҷўраи Қурбон аз пешонаат тир мехўрдӣ.
— Майлаш, амак, майлаш тир хўрам, лекин духтарамро ба савдо намонам.
Ба назари бобо сухани Ашўр мисли ҳукм намуд, ўро аз ин роҳ гардондан имкон надоштагӣ барин, агар бо хушӣ масъаларо ҳал карда натавонад, як балоро сар мекардагӣ барин.
;
— Хайр, бигўй, ки назди кӣ равам?
— Назди Маҷид, амак, назди Маҷиди зериҳисорӣ.
— О вай одами хуб буд-ку!
— Хуб буд, амак, бад шудааст... Ҳамон Маҷид медонистааст, ки дар коҳдони худораҳматии падарам чўб ҳаст, ҳамон Маҷид калонашро гирифта бурд, чўбро ёфт, ҷарима андохт... Медонед, амак, фақат барои он чор чўб ҷарима не, барои ҳамаи солҳое ки ман ҳезум кашонда, манқал кардаам, ҷарима андохт. Ин гапи куҷо? Осон аст ин қадар ҷаримаи ўро супурдан? Ман ба ў гуфтам, ки пул надорам, ҷаримаро супорида наметавонам, мегўяд, ки медонӣ, ҷаримаро насупорӣ, ҷоят куҷост?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо