Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Пушти куҳи Қоф.
Худатон медонед, аз пушти кўҳи Қоф бозгашт нест. Барои ман чӣ фарқ дорад, ки дар ин ҷо мемурам ё дар пушти кўҳи Қоф. Албатта дар ин ҷо мурам, як каси таги хок мекардаги ёфт мешавад, лекин дар пушти кўҳи Коф мурам-чӣ? А, амак? Мурдаам ҳаром мешавад, зоғу заған мехўрад.
— Намедонам, ба назарам, ки Маҷид одами хуб буд.
— Не, амак, одами хуб не... Ман инро на барои он мегўям, ки ба ман бадӣ мекунад, не. Вай одами хуб нест. Мардони Куҳистонро ў мефурўшад ба кофирон, сирру савдоро ў хабар мекашад, фақат ба хотири он ки ба дигарон нағз намояд.
— Дар дунё ин хел касон кам нестанд, лекин ҷазояшонро мекашанд.
— Кай охир, кай мекашанд?
— Дер ё зуд ҷазояшонро мебинанд, бо халқ бозӣ карда намешавад... Лекин Маҷид барои чӣ ин хел рафтор мекунад?.. Сабил монад вазифа... Ту хафа нашав, Ашўр, худатро ҳам монанд ба ҷои ў ҳамин хел рафтор мекунӣ. Ин қонун. Одамӣ, ки ба мартабаву мансаб расид, чӣ хеле ки хоҳад, ҳамон хел рафтор мекунад. Агар ин хел накунад, низоъ аз куҷо пайдо мешавад, баду нек аз куҷо ба миён меояд? Ҳамааш кори худи худамон. Бад мекунем, сонӣ тохта мегардем.
— Ман ба ў ягон бадӣ накардаам, амак!
— Ман барои мисол мегўям, одамиро дар назар дорам. Ин кори ислоҳ мешудагӣ не. Замоне ки ин кўҳҳо ба баҳрҳо афтида ҳама ҷо ҳамвор мешавад ва сари одам ба девори лаҳад мезанад, одам ҳамон вақт нағз мешавад, вагарна шоҳаш ҳам кина дорад, гадояш ҳам, мардаш ҳам нафс дорад, занаш ҳам. Пас, чӣ ҷои тааҷҷуб? То даме ки одамӣ барои ду нафсаш, барои нафси тагу боло, ҷон мекоҳонад, вай нағз намешавад ва ҳамин ки ду нафс аз кор монд, вай – нағз. Яъне дар он дунё. Барои ҳамин барои ба Маҷид нағз шудан нафси ўро қонеъ кардан лозим.
— Нафси ў калон аст, амак, вай аввалаш пули калон, сонӣ духтарро талаб дорад. Ман дар ду дунё духтарамро ба вай пирхар намедиҳам, аммо барои ҷаримаро додан пул надорам. Аз рўи касбам кор кардаи намемонад, ки пул ёфта диҳам. Сарамро ба куҷо занам, амак? Замин сахту осмон баланд.
— Ҳамин хел. Лекин ман ҳам чизе надорам, ки ба ту диҳам, то қарзатро адо куиӣ. Як хонаву чор китоб дорам. «Шоҳнома»
лозим бошад, диҳам, «Ҳазору як шаб» лозим бошад, диҳам, девони Ҳофизу Бедил лозим бошад, диҳам, лекин ин чизҳо ба Маҷид чӣ лозим? Саг алаф нахўрад.
Ашўр сар хам кард, умедашро канд. Ягона умедаш ҳамин бобо буд, ин ҳам ба назари ў, ким-чӣ хел пичингҳо мекунад, ки барои ин марди муздур равшан нест; ҳамин хел ки айб ба гардани Ашўр меафтад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо