Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ба назди судхўрон рафтан рост меомадааст, боз ба қарз ғутидан лозим будааст... Аз ин дунё ҳамту тоза намерафтагӣ барин, тоза омада будем, лекин нопок меравем... Аз рафтори кор гуноҳ, ҷиноят кардан лозим мешавад...»
— Шумо мегўед, ки ба назди судхўрон равам? – аз сурфаи бобои Наврўз чунин маънӣ кашидагӣ барин пурсид Ашўр.
— Ман ин хел нагуфтаам, лекин лозим бошад, бирав.
— Агар равам, магарам, ки на танҳо духтарам, худаму занамро ҳам ба гарав монам.
— Аз дасти ман чӣ меояд, Ашўр? Ту мегўӣ, ки мардум маро ҳурмат мекунанд. Маро ҳамчун доро не, барои чаҳор китоб доштанам ҳурмат мекунанд. Ман дигар чиз надорам ва гар медоштам, судхўрӣ намекардам, балки ба ту барин дармондагон медодам, барои савоб, барои ҳоҷатбарорӣ. Дигар ҷойҳоро намедонам, Ашўр, лекин дар кўҳистони мо касро барои китоб доштанаш, барои китоб хонданаш ҳурмат мекунанд. Ин давлати кам не. То зиндаам, барои ман ин дунёӣ аст, лекин баъди сарам намедонам, ки чӣ мешавад. Китоби ман ба кӣ мерасад. Писаронам ношуд баромаданд, набераам ғайб зад, бисёр ҷустам, пайдо накардам...
Ин дунё ҳамин хел: ба майдон меораду сонӣ сарсон мекунад... Ман ин суханҳоро аз худам намегўям, дар китобҳо ҳаст: одамӣ барои мурдан таваллуд мешавад; барои азоб кашидан зиндагӣ мекунад.
Ҳама азоб мекашанд дар ин дунё, Ашўр. Ба назари ту яке азоб мекашаду дигаре роҳат мекунад, не, ин хел не, ҳама азоб мекашанд.
Ту азоб мекашӣ, ки қуте ба даст орӣ, дигаре пур мехўрад, ки азоб кашад. Шоҳ халқро азоб медиҳад, ки сонитар азоб кашад. Дар ягон китоб нахондаам, аз ягон кас нашунидаам, ки шоҳи золим анҷоми нек дида бошад... Ман медонам, ки назди ман барои насиҳат шунидан наомадаи, мадад талабида омадӣ, лекин мебинӣ, ки аз дастам чизе намеояд, барои ҳамин насиҳат мекунам, ки дилатро бақувват дорӣ, рўҳафтода нашавӣ, худатро бой надиҳӣ... Хафа нашав, Маҷид духтари туро гирифта наметавонад.
— Чӣ хел?
— Мегўянд, ки волии нав мешавад ва шояд дар Кўҳистон ягон беҳбудӣ шавад. Шояд боҷу хироҷро бардоранд, шояд дудпулиро манъ кунанд... Шояд.. Лекин ин кор бояд шавад. Имрўз нашавад, фардо бояд шавад.
— Ин кори намешудагӣ, амак... аз рўзе ки ман ҳастам, ин суханро мешунавам, ки имрўз бад бошад, фардо хуб мешавад, аммо кулли явмин батар. Худатон чанд мир дидед, чанд бек дидед? Чанд сардорро дидед? Лекин ягон чиз дигар шуд? Чандтои онҳо андозро аз сари халқ бардошт? Волиаш ҳам мисли ҳамон...
Бубахшед, амак, сухани шуморо ду кардан аз рўи одоб нест, ман ҳамту барои мисол гуфтам.

пешина
аз 279
навбатӣ