Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Чандон мисол ҳам не, рост гуфтӣ, лекин як рўз хуб мешавад.
Ҳозир ҷонканию хунхўрӣ барои он ки чӣ хел волӣ шаванд...
Бобои Наврўз мадад талабида омадаро андаке таскин дод, аммо меҳмон бовар намекард, ки кори ў хуб мешуда бошад, зеро бобо ваъдаву воиз накард, аз дастам чӣ меояд, гуфт ва аз рўи фаҳмиши Ашўр ояндаи духтари ўро ба тақдиру қисмат ҳавола кард; ҳамин тавр фаҳмид Ашўр. Лекин бобо дар ин хусус чизе нагуфтааст, балки ояндаи неканҷом ва ё бадфарҷоми музофотро аз волӣ медонад...
Ва дар ин миён аз номи халқ ба генерал-губернатори Самарқанд ду номзад пешниҳод гашт, ки яке аз деҳаи Некон ва дигаре аз Кошона буд. Неконӣ писари мулло Расули дароз Исо ном дошт, ки гўё бобову бобокалонаш мударрис гузашта ва падараш ҳам нахонда даъвои мударрисӣ мекардааст, инчунин худи Исоро аз донишмандони музофот дониста ба губернатор ҳамчун аҳли фазлу одоб пешниҳод кардаанд... Ва оғилакиҳои Кошона Мўсо ном ҷавони сивупанҷсоларо пеш рондаанд, ки шаҷарааш ба роҳзанҳо мечаспад; гўё аз барлосҳои Оғилак, ки дар ҳама тўю тамошоҳо дастзўриро авло медонанд ва худро наҷоти олӣ меҳисобанд ва аз рўи даъвои эшон гўё дар олам як чиз вуҷуд дорад: орият. Аммо орияти онҳо бебунёд аст; орияташон чунон аст, ки ба ҷаҳли мураккаб мемонад. Ба як кор, ки даҳан андохтӣ, то охир бубар, мегуфтанд, ба ҳар роҳе ки бошад, бубар, қурбонӣ шавад ҳам, осон бошад ҳам, шоҳу гадо мадад кунад ҳам, рўй натоб; гардан каҷ бикун, гардани хамро шамшер намебуррад, мегуфтанд, дидӣ, ки нашуд, молатро, ҳолатро, ҷонатро ба гарав мон, мегуфтанд; коре бикун, ки лаъл ба даст ояд, ёр ранҷад ҳам, майлаш, мегуфтанд, душман ранҷад, боз беҳтар... ва аз ин қабил гуфторҳо кам нест ва ҳатто аз пастии паст ҳам рўй наметофтаад... Некониҳо, ки ҳамин чизро медонистанд, бо мадади баъзе касони роҳдон кўшиш карданд, ки ба қабули генерал-губернатор раванд. Бобои Наврўз ҳам аз маслиҳатгароне буд, ки Исоро шахси муносиб медонист, аммо вақте барои волӣ шудан ду ҳазор сўм лозим буданашро донист, табъаш хира гашт ва ба касони ин хабарро оварда чунин гуфт: «Дар ҳама ҷо хурўс як хел ҷеғ мезадааст, ман гумон карда будам, ки дар ун халқ ин хелин қилиқҳо нест... будааст. Ришваю порахўрӣ дар ҳар гўр будааст... Паст, бисёр кори паст... Лекин ин ҳамту намегузарад, як рўз мор шуда дилу ҷигари касро мехўрад, мисли Заҳҳоки морон. Заҳҳок, ки одами паст буд, морон талаби мағзи сари ўро доштанд. Ана ҳамон хел мағзу дилу ҷигар талаб мекунад. Ва хешовандони Исо ду ҳазор сўмро бурданд, хабари волӣ таъйин шудани Исо омад. Ҳамин ки Исову хешовандонаш аз Самарқанд то Некон савори аспҳо хушу хуррам ба Некон расиданд, хабар омад, ки дар волости Киштўд на Исо, балки Мўсо волӣ таъйин шудааст. Вале ҳамон вақт касе сабаби чунин ранг гирифтани корро нафаҳмид ва ҳамин ки Мўсо андозу боҷу хироҷро ба сари мардум зам кард, мардум қол буриданд, ки ў пули калон додагист ва дарёфтанд, ки Мўсо ба генерал-губернатор се ҳазор сўм ришва додаает ва дар муддати кўтоҳ ин маблағро аз мардум рўёнидан мехоҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо