Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бечора кўҳистониҳо!
Ва боз дарвозаи бобои Наврўз тақ-тақ шуд. Ин дафъа бобо сари ҷойнамоз набуд, балки дар боғи паси хона ба дарахтони баланди сафедор сар боло карда менигарист ва аз дил мегузаронд, ки ба кӣ мемонад ҳамаи ин? Рўзгор чунон будааст, ки ҳамаро ба ҳоли худ мегардонидааст ва аз фарзанди хуниат ҳамсоя наздиктар мешудааст; Сабзина арўс, аммо аз фарзанд зиёд, ҳамон ҳам хабар намегирад, духтари худаш – зани Бадал дер-дер меояд, фақат вақти аз Қошғар баргаштани Фаёз андаке печон шуда буданд, боз пояшонро кашиданд, айби домод будагӣ барин, лекин Аёзу Сабзина шому сахар дар хизмати падар буданд, аз чизе кебидагӣ барин, дур мегардад: «Ё худам асозанон равам?» Вале сафедорҳо баланд, лонаи зиёди паррандагон метобад, ҳоло миёни баргҳо ниҳон, ҳамин ки хазонрез сар шуд, лонаҳои бесоҳиб шаҳри валангорро ба ёд меоранд ва он вақт бобо боз ғамгинтар мешавад... Тақ-тақи дарвоза базўр ба гўши ў расид ва боз ҳамон хеле ки ҳар вақт ҷавоб медиҳад, «Ҳў-ҳў-ҳў, кист?!» гуфта пеш омад ва ба дарвоза даст бурда боз саволашро такрор кард: «Кист?»
— Ман, амак, боз омадам!
— Ашўрӣ? – дарвозаро нимроғ карда пурсид бобо.
— Ҳо.
— Ба ту дурўғгўй шудам, Ашўр. Гумон накарда будам, ки масъала чунин ранг мегирад. Ман ҳама вақт кулли явмин беҳтар мегуфтам, лекин халқ дуруст мегуфтааст: кулли явмин батар.
Духтаратро бурданд?
— Не, агар ман надиҳам, намебаранд, лекин надода илоҷ надорам. Медонед, амак, агар ҷаримаро сари вақт надиҳед, мезоидааст... аз судхўр хам батар инҳо... ба ҳурмати худо аз дунё чизе нафаҳмидам. Гумон мекардам, ки дар дунё фақат меҳнат асту ҳезумкашию манқалсозӣ, лекин намедонистам, ки дунё пур аз макру ҳилла аст. Одам одамро фиреб медиҳад, одам одамро мекушад, фақат ҳамин қадараш мондааст, ки одам одамро хўрад.
— Ҳа-а, оҳиста-оҳиста мефаҳмӣ, чашмат кушода мешавад...
лекин ҳамаи ин ҳарфҳо дар китобҳои қадима ҳаст. Ману ту ки аз дунё бехабар ҳастем, гумон мекунем, ки дунё ҳамин ҳавливу кўраи манқалсозист. Дар китобҳои қадима дунёро беохир мегўянд, касе охири онро пайдо накардааст, касе ба қаъри он нарасидааст, касе ба арш набаромадааст Нўҳ фалак, нўҳ қабат, фақат яктоаш ба чашми мо менамояд, ҳамонро ҳам дарёфт карда наметавонем.
Хайр, ин чизҳо ҳамту як омад, лекин ту чӣ кор кардӣ?
— Ҳеҷ кор, андозчиро куштанӣ ҳастам.

пешина
аз 279
навбатӣ