Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин корро накун, халос намехўрӣ, батар мешаваду беҳтар не.
— Рўзи ман аз ин беҳтар намешавад, амак.
— Чӣ фоида? Як касро мекушӣ, ҳама гандаро кушта наметавонӣ... Гандаеро мекушӣ, дигараш меояд, Мўсо барин. Балои азим будааст ин Мўсояш. Дар китобҳои қадима ҳаст, ки замоне роҳзанҳо ба сари кор меоянд ва аз ҳама баъд бенавоҳо...
— Ҳамааш гап, амак.
— Не-е, ин рост, Ашўр! Китоб дурўғ намегўяд... Тавба, пул ҳам ҷон доштааст-дия...
— Хайр, ман чӣ кор кунам, амак?
— Намедонам. Чӣ кор карданӣ ҳастӣ?
— Гурезам, номардӣ мешавад... Танҳо мебудам, гапи дигар буд... Ман гурезам, аҳлу аёламро азоб медиҳанд... Замин надорам, ки фурўшам... Боз қуръа ба номи духтарам меафтад. Намехоҳам, намехоҳам инро!
— Ором шав, Ашўр... Ин сирро духтарат медонад?.
— Очааш медонад, лекин аз ваҷоҳати духтарам ва ҳар гаҳ ба маи дилшикаста нигоҳ карданаш пай мебарам, ки медонад; модараш гуфтагӣ барин.
— Хайр, гузар, рўи кат баро, ман оби ҷўш мемонам... Ягонтааш ҳам наомад, ки...
— Лозим не, амак, ман меравам... Дардам бедармон барин.
— Гузар шин, ягон бало мекунем.
Бобои Наврўз ҷониби ошхона рафт ва чойҷўш бароварда аз шаррок об пур кард ва боз ба ошхона даромада, ҳезуму хас гузошта, гўгирд зада, оташ афрўхт ва болои он ду-се саргин ниҳода оташи бехи чойҷўшро аланга гирондан хост, вале баробари саргин гузоштан оташ паст шуда дуд кард. Дар бехи чойҷўш чўбчаҳои хушк мил-мил месўхт. Бобо як қабза хас гирифта, нўги он бар оташ расонд, то аланга гирад. Қабзаи аланга гирифтаро оҳиста зери чўбу саргин дошт. Оташ аланга зад. Ў ба андеша рафт, ки чӣ тадбир кунад. Ошхона даромадаи баҳона буд, андеша кардан мехост... Пеши назараш омад, ки сафедорҳои баландро тамошо кунад: «Ёфтам» дар дил гуфт ў ва тозон берун баромад.
— Гўш кун, Ашўр! Сафедор манқал мешавад?
— Не, амак, сафедор барои ман барин бечорагон пояи дор мешавад, аммо манқал намешавад...
Бобо аз чунин ҷавоби Ашўр ба андеша афтод ва дергоҳ чизе гуфта натавонист. Ашўр низ хомўш буд, ки аз афти кор ҳарфи хуб нагуфт.
— Агар сафедор манқал нашавад, ягон харидор ёв, ягон кас, ки хона месохта бошад.
Ашўр сар хам кард ва намедонист, ки ба бобо чӣ ҷавоб диҳад.
Ва бобо ба андому сару либоси ў зехн мемонад ва дармеёбад, ки мардак аз он омадан то ин омадан чӣ кадар пир шудааст: лоғар гаштааст, сафедмўй гаштааст.

пешина
аз 279
навбатӣ