Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

— Чӣ гуфтӣ?
Вале Ашўр ҷавоб надода аз дарвоза садое омад, ки боборо ҷеғ мезад. Ба назар мушкили ўро осон кард,аммо масъала ҳал нашуда
монд. Касе ки буд, омирона ҷеғ мезад, таҳлука, биму ҳарос ё андешае надошт; мазмун, намедонист, ки дар куҷост ва ё киро фарёд мекунад, лекин «Бобои Наврўз!» мегуфт. Бобои Наврўз сурфнда пеш омад ва ба дарвоза наздиктар шуда баландтар сурфид, ки каси паси дар буда аз омадани ў огоҳ гардад.
— Бобои Наврўз! – садо омад боз.
— Лаббай!
— Шуморо ёфтан ҷудо душвор будаст-ку!
— Ҳа, одами бенишон-дия, – дарвозаро накушода пичингомез гуфт бобо ва рўи омадаро надида, пай бурд, ки бо чӣ касе ҳарф мезанад. Ва ҳамин ки дарвозаро кушод, ҷавонмарди ношиносеро дид, ки фўтаро гирди сар лачак баста буд ва лаҷоми аспро сахттар мекашид, ки ҷонвар беқарорӣ мекарда бошад. Бобо сар боло карда ба ҷавонмарди рўи асп нигарист ва ҳатто ба саломаш алек нагуфт, мунтазири ҳарфи ў шуд.
— Фардо ба хонаи Маликбойи ғузорӣ равед будааст, – хонд савор.
Бобои Наврўз хеле хомўш истод ва баъд на ин ки «Маликбой ба ман чӣ кор доштааст?» гуфта пурсид, балки чунин изҳор кард:
— Маро чӣ корест ба Маликбойи ғузорӣ?
— Надонам, ман як хабарчӣ одам, бародари хурдии Маликбой мешавам, номам Валӣ, ҳар чӣ ў гўяд, иҷро мекунам, ба назарам волии нав ва намояндагони губернияи Самарқанд ба хонааш меҳмон мешаванд.
— Ҳм, – кўтоҳ садо дод бобо, заҳрханда барин, – намефаҳмам:
ман як одами хурд, вазифае надорам, ба ў ва меҳмонони ў чӣ лозим шудаам?
— Шумо одами хурд не, бобои Наврўз, мегўянд, ки ҳар коре ки дар ин обрав мешавад, набояд бе маслиҳати шумо шавад, худо ҳам, банда ҳам бояд бо шумо маслиҳат кунад.
— Инро кӣ гуфт?
— Ҳама.
— Ё тавба!
То алвақт касе аз дари бобо бо даҳони хушк нагашта буд, бобо ҳатман ҳар каси омадаро ба ҳавлӣ дароварда, ҳаққи намак мекард, сонӣ рухсати рафтан медод, аммо бо ин қосид чунин накард; ба чой нахонд, балки нафратангез бо ў ҳарф зад: нагуфт, ки додари Маликбой аст, андеша накард, ки фардо дар даргоҳи ў вохўрданашон мумкин. «Беадаб, шон додари Маликбой будаанд».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо