Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин қадар гуфт ва дарвозаро пўшид, вале ҳоло ҳам ба хулосае наомада буд, ки равад ё наравад.
— Додари Маликбойи ғузорӣ будаанд, – ба Ашўр арз кард бобо, – чунон ҷеғ мезанад, ки додараш нею худи Маликбой бошад.
— Мо ҳам пушту паноҳ дошта бошем, овозамон баланд мешавад, амак.
— Ба мо пушту паноҳ лозим нест, ҳалол мегардем, меҳнат карда нонамонро пайдо мекунем... Мо ба гўр моли дунё намебарем, ки...
— Ҳамин, хел амак, лекин худатон медонед, ки қозии худоноумед гуноҳи бойро ба гардани камбағал бор мекунад, – исрор кард Ашўр, вале нагуфт, ки вай бегуноҳ аст, бешабонҳо гуноҳи падару боборо ба гардани ў бор мекунанд.
— Дунёи зўриро бин, аз дарахти мулки худат ба ту андоз меандозанд Вале бобо чизе нагуфт ва Ашўр гумон кард, ки бобо ҳарфи ўро хуш накард, кўтоҳ сурфид, ки фикри боборо ҷалб кунад, аммо бобо дар бораи Маликбой фикр мекард, ки ба вай чӣ дард расида бошад, чаро ўро хондааст ва пеши назар овард, ки чӣ зайл қосиди савор дар паси деворҳои на чандон баланди кўчабоғӣ лангар хўрда мерафт, ки сараш ба кадуи ба рўи об лаппида мемонад; пасту баланд мешуд, гўё ба об ғўтида боз рўи об меомад. Бобо каме аз паси ў нигаристу сони чашмонашро танг карда дарвозаро пўшид, акнун намедонад, ки чӣ кор кунад: равад ё наравад? Ба Ашўр ҳам маслиҳат намекунад: «Маро чӣ кор аст ба Маликбойи ту?»
— Ба ҳар ҳол як равед, амак. Даруни бало будан хубтар аст,
– маслиҳат дод Ашўр...
Аммо бобо нарафт ва ба Ашўр ягон маслиҳат дода ҳам натавонист, гўё омадану рафтани қосид сари ўро гиҷ карда, имкони аз ягон хусус андеша кардан намедод, танҳо «чӣ кор дошта бошад?»
мегуфт. Баъди рафтани Ашўр боз дурусттар фикр кард: «Волӣ, боз одамони губернияи Самарқанд, боз Маликбой... эҳа-а-а, миёни «бузургон»-и олам мемонем-ку». Ва баъд ба сафедорҳои баланд нигарист, ки онҳо ҳам кўмак карда наметаволанд, ҳатто ба Ашўри дармонда. Ба дарвоза нигоҳ кард, монанди каси танҳо, ки рўзҳои зиёде аз ғами танҳоӣ пазмони одамӣ шуда бошад, ба дарвоза нигарист ва боз чашм канда ноумед ба кат андармон нишаст, гўё ба дўшаш бори гарон афтода, хаста гашта бошад. Риш каф зад, сурфид, чашмонашро молид ва боз ба дарвоза нигарист; нигарист, ки ба назар як дарвоза кушода шуду боз пўшида. Шояд ба назараш барои он чунин намояд, ки ё аз танҳоӣ азоб кашидааст ва ё касеро мунтазир аст; албатта писарашу Сабзина ва духтарашу Бадалро. Дар танҳоӣ кас пазмони одам мешавад; заҳри одамро одам мегирад. Ба назар ҳамин пазмонӣ аст, ки бобо дам ба дам сўи дарвоза менигарад ва ба хаёлаш касе дам назада, бе пўштпўшт медарояд ва ўро ҳамдаму ҳамдард мешавад.

пешина
аз 279
навбатӣ