Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бобо ин хел набуд: на танҳоиро медонист ва на дардро, аммо ин вақтҳо саҳл дигар шудааст; гумонаш ки замона дигарранг мегардад; кимкиҳо бар халқи Кўҳистон ҳукмравоӣ мекунанд; боз кадом шоҳе манзилу макони онҳоро аз они хеш мехонад ва намегузорад, ки аз мўриҳо дуд бароранд ва намегузорад, ки обашонро баҳузур хўранд; ба болояш сарзаниш мекунад, ин деҳу вай деҳ мегўяд...
Саркашӣ фоида надорад, кас беҳуда мемурад; қаҳрамон нашуда, балки ҳаром ҳам мемурад, барои ҳамин саркашӣ накарда, тобеъ мешавад, гўё беҳтарин роҳи зиндагӣ ҳамин бошад...
Аммо бобои Наврўз ҳукм кард, ки ба даргоҳи Маликбой наравад; вай аввал рафтанӣ буд, намеравад; зеро медонист, ки аз он ҷо шод барнамегардад: ё ягон ҳарфи ноҷо гуфта ўро меранҷонанд ва ё «ба одамон тарғиб кунед, ки андозҳоро бе саркашӣ супоранд»
мегўянд, албатта масъала ҳамин аст, дигар чиз не, барои дигар кор ўро даъват намекунанд, дар қатори меҳмонон зиёфат хўру рав, намегўянд, бобо ин хел хабарҳоро ба нав нашунидааст, аммо ба чушин раҳи дур ба даргоҳи Маликбой даъват шуданаш бори аввал аст: «Ё барои Ниёз бошад? Ҳамин андеша ақли ўро бурд, бисёр мехост, ки дараки Мирзониёзро дарёбад, танҳо ба ҳамин ният ба даргоҳи Маликбой рафтанӣ шуд, аммо касе набуд, ки сафари ўро омода созад, рафта аспашро аз доманаи кўҳи Ховар биёрад, зину банд занад ва савор карда гўяд, ки зудтар баргард, деҳа бе ту бесоҳиб метобад. Ҳамин лаҳза барои бобо ёвар ва маслиҳатгар лозим шуд; як бор гўяд, ки фикри ў дуруст аст ё не...
Бобо бобои барҷомонда не, бақувват ва маслиҳатгари ҳама, аммо ҳоло дар мушкилоти хеш азоб мекашад, ҳаллашро пайдо карда наметавонад. Вай аввал ба қуббаи сари кат хеле андармон шуда, тамоми тарккориҳои устои катсозро даст-даст кард, дар дил «ин ҳам ҳунар» гуфт ва ғашаш омад, ки дар ин зиндагӣ коре карда натавонистааст, то мардум баъди сараш ҳам ном барандаш, ҳамин қадарашро медонад, ки чанд тане, ки ўро мешиносанд, то зиндаанд, ном мебарандаш, сонӣ тамом... Ягона нишонае, ки аз худ гузоштааст, ҳамин сафедорҳои баланданд; мисли безурёте, ки баъди фавт беному нишон мегашта бошанд...
Омадани қосид ҳамин хел ўро ба андеша гузошт, вагарна ў ҳеҷ гоҳ дар ин бораҳо фикр намекард, медонист, ки мардум ҳурмату эҳтиромаш мекунанд, ба маслиҳату машварат мехонанд, наздаш меоянд, ҳарфашро ду намекунанд, ҳамчун марди аз баду неки дунё бохабар мепарастанд, маҳз барои шунидани қиссаву афсонаҳои ў ба меҳмонхона ҷамъ мешаванд, аммо гумон накарда буд, ки имрўз ин хел ба андеша ғарқ мешавад. Чанд вақт андешаи фарзандонашро мекард, сонӣ дар бораи Ниёз мулоҳиза меронд, акнун андешаи худашро дорад: «Баъд чӣ?» Барвақт андеша мекунад ў дар ин бора, ҳарчанд ки дар ин хусус ҳама умр фикр кардан лозим аст, то кас ба хатоиҳо роҳ надиҳад, магруру мутакаббир нагардад, сари сомони зиндагиашро гум накунад; ба назараш, ки дар ин дунё чизи гум мекардагӣ надорад – мансаб, вазифа, моли дунё, тангаю тилло барои ў бегона барин; замину боғи Ҳуснобод, ки писаронаш соҳиб шудаанд, писаронаш бегона барин, ягона моли пурқиматаш – китоб, ки намедонад, ба кӣ мемонад.

пешина
аз 279
навбатӣ