Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

«Ба ту чӣ шуд? Чаро дар ин хусус андеша мекунӣ?» Ў ин суханҳоро баланд гуфт, гўё ба худ не, ба каси дигар мегуфта бошад; дар ҳақиқат ба худаш не, ба як каси бегона мегуфтагӣ барин.
Ва дид, ки дар ин ҳавлӣ ба ҷуз худаш каси дигар нест, бархоста ҷониби дарвоза равон шуд, то аз Аёзу Сабзина хабар гирад, чаро бедарак шуданд онҳо? Ва ин бегоҳ маслиҳат кардагӣ барин ҳар касе ки ба хонаи ў омаду рафт мекард, дар хонааш фаро омаданд:
хам Аёзу Сабзина, ҳам духтари бобову Бадал, ҳам набераҳо, аммо пештара барин аз Намоз дарак нест – вай замину боғро сахт доштааст. Бобо дар дил хурсанд буд, ки пайвандонаш ҷамъ омаданд, аммо аз зуъм намефаромад, ки ўро хабар намегиранд ва ба андеша мерафт, ки шояд аз омадани қосиди Маликбой огоҳ гашта бошанд, аммо онҳо аз ин боб ҳарфе назаданд ва бобо яқин кард, ки аз омадану рафтани қосид касе огаҳ нест ва худ чизе нагуфт ҳам. Онҳо андешамандии падарро аз дер хабар гирифтанашон донистанд.
— Бубахшед, падар, ташвиши рўзгор, дер хабар гирифтем,
– изҳор кард Сабзина.
Бобо фақат сар афшонд даҳон пур кард, ки «ҳа-а, бачу качат зиёд, вақт надорӣ» гўяд, аммо пай бурд, ки пичингаш таъна ба безурётии ў мешавад. «Ту келин, фарзандони худам хабар намегиранду...» аз дил гузаронд ва онҳоро ба ҳолашон гузошта, боз ҷониби сафедорон рафт. «Баланди бесамар, лекин ҳама вақт тори сари инсон меистад... Барои ҳамин... барои ҳамин аз ин дарахт ма.нқал ҳосил намешавад...»
— Аёз!
— Лаббай, додо!
— Аспро биёр!
— Асп дар куҷост?
— Ту писар шуда намедонӣ, ки асп дар куҷост?
— Медонам, ки дар дара.
— Дар дара бошад, аз ҳамон ҷо рафта биёр! Дигар ҳарфи зиёд лозим набуд. Аёз лаҷомро аз сутуни дарвозахона гирифта аз дарвоза баромад, то аз Ховардара аспро биёрад. аз падар напурсид, ки асп барои ў чӣ лозим аст, азми куҷо дорад. Лозим не, мумкин ҳам не, бобо ин хел пурсуковҳоро бад мебинад. Биёр ки гуфт, овардан лозим... Аммо бобо барои чӣ ин хел рафтор кард, худаш намедонад; чӣ лозим буд ўро сарсон кардан? Бобо асои дасташро андаке аз замин боло гирифта медавидагӣ барин ҷониби дарвоза рафт, то Аёзро аз роҳ гардонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо