Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Беҳуда аспро оварда боз гардонда бурдан чӣ лозим. «Ақлатро хўрдаӣ, мўйсафед, дар ин бегоҳирўзӣ ўро ба дара фиристодан чӣ лозим буд?» Ў беруни дарвоза, ба кўча баромад, ба дами адир рост шуд, аммо Аёзро дарёб карда натавонист. «Бехуда, аспро оварда наметавонад, калидро набурд, ки ишкелро кушояд. Нишебиҳову роҳҳои ноҳамворро ҷаҳида-ҷаҳида омада наметавонад... Майнаат пўсад, пиракӣ баччаро сарсон мекунӣ». Ба назари Бобо Аёз ҳоло ҳам бачча ва ҳар коре, ки дар рўзгори бобо барояд, ҳамин «бачча» иҷро мекунад, тез-тез хабар мегирад, дер-дер хабар мегирад, ба ҳар ҳол ҳама корро мекунад.
Дар ин офтобшинӣ як даҳан аспро биор гуфту акнун пушаймон, падар-дия, барои писар ҷонаш меларзад, аммо аз омадан-наомадани Намоз парво надорад, дилаш мондагӣ, ҳо, дили падар ба писари хуб месўзад; кор мефармояду дилаш месўзад, вале писари ноаҳлро кор ҳам намефармояд. Бобои Наврўз як бор Аёзро кор фармуда пушаймон шуда буд – барои Фаёзро оварданаш ва боз имрўз барои аз паи асп фиристоданаш пушаймон, пушаймон, ки ў сарсони беҳуда шуд...
Офтоб фурў рафт, аз Аёз дарак нест. Ҳарчанд бобо медонист, ки роҳи Ховардара яксоатина нест, бо вуҷуди он чашм ба дарвоза буд ва гўш ба садои суми асп медод, ки аз тангкўча мебаромада бошад. Вале на ин буду на он. Сонӣ ў парешон шуда, ба роҳ баромад, то дар нимроҳ ўро пешвоз гирад ва танҳо ҳамин вақт ба сараш зад, ки ҷонвари чорпо магар дар як ҷо меистад, ки кас раваду зуд пайдо карда орад... Хуфтан гузашт. Бобо оҳиста-оҳиста болои деҳа баромад ва ҷониби кўҳи Ховар рў оварда садо дардод; «Аё-ёз, ҳу-у Аёз!!!» Кўҳҳо садои ўро такрор карданд, аммо аз Аёз ҷавоб наомад. Ба ҷои он аз ҷониби деҳ садоҳо баромаданд, ки бобои Наврўз гўён хитоб мекарданд ва оҳиста-оҳиста ба ў наздик мешуданд. Омаданд, изтиробашонро зоҳир карданд ва он шаб садои бобо мардуми деҳаро безобита кард. Аёз баъди хуфтан ҳам наомад, ними шаб ҳам наомад ва қариби субҳ пайдо шуд, вале беасп.
— Асп нест, додо!
— Хуб, ки нест, – аз рўи роҳ қоматашро боло карда хест ў.
– Хуб, ки нест, агар мешуд, маҷбур будам, ки ба даргоҳи Маликбой равам, – оҳиста гуфт ў, вале Аёз пай набурд.– Нест тез биё буд, касро парешон карда...
Ба назар баҳонаи хуб буд барои назди Маликбой нарафтан, аммо дилаш ғаш дошт, ки чӣ мегуфта бошад ба ў Маликбой.
Вале дар бораи ў дер андеша карда натавонист, балки хаёлаш ба асп рафт, аспи ҷирани тезтакаш: «Касе бурда бошад? Гург хўрда бошад? Ё дар кадом шибаре чарида гашта бошад? Ба ҳар ҳол дили бобо беқарор гашт ва баъд ба хулосае омад, ки Ҷиран дар куҷое мечараду дар торикиҳои дара Аёз надидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо