Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз мардум писартўй мекунанд, бузкашиҳо мешавад, ў Ҷиранро савор шуда меравад, ўро тўйдорҳо ба сари марра мехонанд, девонбегӣ таъйин мекунанд ва аспи ўро полвонҳо метозанд, Ҷиран ба фарёди мардум гўш дода бузро бод барин ба марра мерасонад, бобо хурсанд мешавад. Гўё дар Кўҳистон ҳеҷ дигаргуние нест, обҳо ба як маром бо маҷрои пешин ҷорӣ мешаванд... Лекин волии нав чӣ мекарда бошад?
Маликбой барои чӣ ўро ба хонааш даъват карда бошад?
— Ҳама ҷоро дидӣ? – гўё тамоми фикру зикраш ҳамин бошад, аз Аёз вақти чои саҳар пурсид ў.
— Дидам, додо.
— Ягон кас дарак надод?
— Не...
— Маълум, ки ягон бало шудааст...
... Ҳеҷ набошад аз паси ягон модиён ҷуфтак зада рафтааст ва он гоҳ бобо тасаввур мекунад, ки Ҷиран бо пойҳои ишкелзада чӣ қадар асабӣ шуд, чӣ қадар кишна кард, чӣ кадар кўшиш кард, ки ба висоли модиён бирасад, аммо ғуломи занҷирбапо барин буд; дар тасавури бобо вай бо модиён гардан ба гардан шуд, чароғпоя ва қад ба қад шуд, газид, бўид, бўсид, дандон ба дандон зад, аммо...
Ин хел бошад хуб; намурда бошад, набурда бошанд хуб ва рафту дуздони аспҷаллоб бурда бошанд, нохуб шуд... Вале дар ҳамин рўз набудани Ҷиран барои бобо аз хуб ҳам хубтар шуд, набинад хамон дороҳоро, боз хубтар... Ва ў дигарбора Аёзро аз паи асп нафиристод, лекин ҳар касе, ки аз ҷониби Ховаркўҳ ояд, мепурсид, ки Ҷиранро дидаанд ё не. Ва касе намегуфт, ки Ҷиранро дидааст.
Баъзеҳо посух медоданд, ки яввалҳо дар қади рўд мечарид, ҳоло наметобад... Ва як рўз оварданд, ки Ҷиранро дар нишебии он тарафн ағба дидаанд, ки душох мегардад. Аёз ба он ҷо ҳам рафта омад, аммо Ҷиранро пайдо накард.
Бобо ба даргохи Маликбой нарафт.
...Ва дере нагузашта хабар оварданд, ки Ашўри манқалгарро ба куҷое – ба кадом шаҳри дури нолаш барои бобо ношинос бадарға кардаанд; барои Маҷиди бешабони ноошнои бегонапарварро дар уреброҳаи Кошона бо халачўб бар фарқи сараш зада куштанаш ба он ҷои дур бадарға кардаанд... Ва акнун бобо пушаймон, ки барои чӣ ба даъвати Маликбой розӣ нашуду нарафт; шояд, ки барои ҳамин кор хонда бошанд, аммо ў дигар чиз пиндошта, нарафт. Агар мерафт, сабаби куштани Ашўр Маҷидро ба гумоштагони губернияи Самарқанд мегуфт, мефаҳмонд. Мефаҳмонд, ки Маҷид духтари ҳоло кўдаки ўро ба занӣ талаб кардааст ба ҷои ҷарима ва Ашўр, ки пули ҷаримаро надоштааст ва ба ҷои пул духтарро ба он пирхар доданро ор дониста, куштани ўро авло шуморидааст... Ҳамин хел андеша мекунад бобо ва шояд даъвати онҳо маънии дигар дошта бошад.

пешина
аз 279
навбатӣ