Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ақл рост намеояд – наход ки Ашўри хаппаки як умр дар сиёҳии манқал олуда чунин карда бошад; Маҷиди даҳанкалони «дунё аз они зўр» мегуфтагиро бо халачўб зада кушта бошад? Ба рафтори марди Кўҳистон монанд, аммо ба феълу хўи Ашўр бегона. Вай ин хел пият надошт – дар қарз ғўтад ҳам, пул ёфта ҷаримаро дода, духтарро халос карданӣ буд, нашудааст. Акнун чӣ? Зану фарзандон бесоҳиб монданд. Дар дунё пураламтар аз ин коре нест... Ашўри лоғарандоми сертарадуди бечора ҳеҷ аз пеши назари бобо дур намеравад; бо чашми умед ба бобо менигарад, ки мадад кунад, бобо сўи сафедорҳои баланд менигарад, аммо Ашўр сар хам мекунад, ки сафедор манқал намешавад.
— Асп ёфт нашуд, Аёз?
— Не, додо, оламро кофтам, пайдо нашуд...
— Ҳа-а, бурдаанд, хўрдаанд...
Ҳар чӣ бошад-набошад, ба назари бобо пайдо нашуданаш беҳтар аст. Аспи зираки ў медонад, ки ба назди бойҳо нарафтанаш аз рўи ақл аст, барои ҳамин пайдо нашуд.
— Ҷиран меояд, Аёз. Ташвишҳо гузарад, меояд. Вай аспи боақл аст. Агар накушта бошанд, набурдаю набаста бошанд, меояд. Вай бадкориро бад мебинад, ба дасти ягон нохалаф афтода бошад, сар намефарорад, ўро дар пушташ роҳ ҳам намедиҳад, ба гўшт шудан сар медиҳаду ба савор шудан не... Ҳақ ба дасти одами хуб афтида бошад... Не, одами хуб аспи ишкел зада, дар айлоқ сар додаро намебарад.
Агар андешаи бобо як буд, чанд шуд: «Одамӣ аз андешаву ғами дунё халос набудааст... то дам ҳаст, ғам ҳаст... лекин хамин ғамро парвардигор ба ҳама баробар тақсим мекунад ва ё... агар ин хел мебуд, пурғаму беғам намегуфтанд; акси кори дунё ғам ба бой камтару ба камбағал зиёдтар мерасидааст; камбағал аз ғам бою бой аз ғам камбағал мешудааст. Боз кӣ медонад, шутур калон, захмаш ҳам калонтар мешудагист, шояд ғами беандоза ба калонҳо насиб шавад...»
Бобо сар ҷунбонд ва хаёлаш боз ба Ашўр рафт, дилаш ба танг омад, ки ба ў мадад карда натавонист, агар мадад мекард, шояд кор ба чунин баднамоӣ намеаҷомид; бобо зиқ шуд, барои аз ин кор бехабар монданаш, барои Ашўрро халос накарданаш зиқ шуд ва боз ба андеша рафт, ки бефаҳмӣ кард, пай бурда натавонист, ки қосиди ба даргоҳи Маликбой рав гуфта кӣ буд. Акнун пушаймон, ки чаро нарафт. Мерафт, шояд ба Ашўр мадад мекард...
— Аёз, аспро ёфта овардан лозим.
— Агар худаш наояд, вайро пайдо кардан душвор.
— Лозим шуд, пайдо кардан лозим... Мақсад асп не, мақсад дигар аст.

пешина
аз 279
навбатӣ