Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Бобо мақсадро ба Аёз нагуфт, вале дар дил ҳукм кард, ки бояд ба Ғузор равад – ба ҳавлии Маликбой, барои дар хусуси Ашўру бешабон ҳама буду шуди гапро гуфтан бояд равад.
— Дигар асп намешавад, додо?
— Мешавад, лекин Ҷиран дигар...
Аёз боз аз паси пайдо кардани Ҷиран ба кўҳ рафт ва бобо ба ҳазор кўчаи хаёл, баъд ба хулосае омад, км ба Ғузор меравад, рафту Аёз Ҷиранро пайдо карда натавонад, пиёда меравад; Ҷавпаяро гузашта, роҳро миёнбуру кўтоҳ карда ба Ғузор меравад.
— Келин, – ба Сабзина муроҷиат кард бобо, – келин, ба Аёз гўй, ки ман пиёда ба Ғузор рафтам – ба ҳавлии Маликбой... Агар Ҷиранро пайдо карда орад, аз пас гирифта барад, агар бе асп ояд, аз паи ман наравад, худам гашта меоям, – таъйин кард бобо ва асо гирифту дар миёнбанд як нон. Гумонаш, ки Ҷиран ўро дар беруни дарвоза пешвоз мегирад, аз остонаи дарвозахона гузашта, бозистод ва гўш дод, ки садои суми асп мебарояд ё не? Ва ҳамин ки ҳама ҷоро орому бесадо дарёфт, умед аз омадани асп канда, тез-тез қадам монда, тангкўчаро мерафт ва асоро андаке мебардошт, ки ба замин расида шасти гашташро суст накунад, ба ёдаш ки қосид омад, ки ҳангоми савора бо ин роҳ рафтанаш чӣ хел сараш ҷунбида мерафт ва он гоҳ бобо кадуи рўи обро ба хотир овард, ки мавҷсавор мерафта бошад. Бобо аз кўчабоғӣ ба роҳе баромад, ки ҳама бо он рафтуомад мекарданд ва акнун на балки асо аз замин андаке боло медошт, онро ба даст уреб гирифта буд ва баробари пои чап пеш андохтан он ҳам дар дасти рост пеш мерафт ва мисли шоқули соат боборо ба ҳаракат меандохт ва гашти ўро сабук мекард. Ў азм карда аз хона баромад, ки ба даргоҳи Маликбой меравад ва мерафт, вале дар роҳ ҳар лаҳза аз худ мепурсид, ки равад ё наравад; ба пас менигарист, ки Аёз аспашро меорад, ба пеш менигарист, ки касе дучор омада ўро аз ин роҳ мегардонад ва боз, ки Ашўр пеши назараш меомад, қисмати талхи ў гашти ўро метезонд ва ба назар чунон менамуд, ки бобо акнун намегардад балки метозад, ў фақат бол надорад, ки парвоз кунад. Мепиндорад, ки Ашўрро ҳоло бадарға накардаанд, дар даргоҳи Маликбой хонабанд аст ва мунтазиранд, ки бобои Наврўз омада онҳоро ба сулҳу салоҳ меорад, айбу эрод мекунад ва боз об ба лаби ҷўй баробар мешавад; Ашўрро озод мекунанд, боз назди аҳлу аёлаш меравад ва духтарашро аз доми макру тазвир эмин медорад... Бобо башитоб мерафт, ба назар, умед аз Ҷиран канда, ёд ҳам намекард, гаштаю баргашта ба пас менигарист, ки Аз парешон шуда аз пас меояд, аспро наёбад ҳам, ба ҳарфи Сабзина эътибор надода, меояд ва ҳоло бобо пушаймон ки чаро матлаб ба писар фош накард ва муроди омадани қосидро нагуфт. Бобо башитоб мерафт, аз офтоби тирамоҳ ва шасти гашти худ арақ карда буд, вале наменишаст, дам намегирифт, ки таъхир накунад, то кор аз кор нагузарад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо