Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Ва ў дар хонадони Маликбой ноумед гашт; баъди ин қадар роҳро сўхтаю пухта паймудан ноумед гашт: «Не, ман қосид нафиристодаам, ман бародар ҳам надорам...» Дасту пои бобо суст шуд ва акнун яқин кард, ки ин ё ягон сохтакорист ва ё Ашўр ба имдод ўро талаб карда будааст... «Ё қасдан мегўяд, ки ман даъват накардаам, барои дер омаданам.» «Не, дар хонадони ман ҳеҷ гуна меҳмон, ҳеҷ гуна намояндаи губерния набуд» мегўяд ў ва бобо дар шигифт мемонад, ки ин чӣ савдоест.
Аз қисмати Ашўр ҳам хабар надоред? – мепурсад бобо.
— Чаро хабар надошта бошам, хабар дорам: ўро дар ҳавлии мо ҳукм доданд, аз ҳавлии мо бурданд, чаро хабар надошта бошам.
— Пас, ҳама буданд дар ҳавлии шумо!
— Ба ҷуз шумо ҳама буданд.
— Пас ба ман чӣ кор доштед?..
Ва ин ҷо Маликбой ба саволи бобо чизе нагуфта ба дари меҳмонхона нигарист, ки касе дастархон ва ё чойники чой меоварда бошад. Намефорид, ки бобо дар болохонаи бокарру фарри ў бинишинад, бархоста рафтанӣ мешуд, аммо намехост, ки масъаларо ҳал накарда биравад.
— Чой лозим ие, бой...
Аммо бой сухани ўро нашунида ангошта дами дар рафт, ки шояд дар хона дастёрон набошанду оҷизаҳо аз дастархон овардан худдорӣ кунанд.
— Бой, асп дар кўҳ буд, се бор одам фиристодам, наёфтанд, барои ҳамин дер кардам, малол нагиред, пиёда омадам; хотири шуморо карда пои пиёда омадам. Шумо ташвиш накашед, бинишинед, бигўед, ки қисмати Ашўр чӣ шуд?
Сонӣ бобо фаҳмид, ки ба девор сухан мегўяд. Бой эътиборе надода, аз дар берун баромад, аз зинаҳо фаромад, то фаромадан чанд бор сурфид, ки шояд садои сурфаашро шунида касе барояд, аммо аз касе дараке набуд. Бобо дарк кард, ки дар даргоҳи бой одам нест. Омин карда хест, кавшашро пўшид, асояшро гирифт ва аз дар берун омад ва асо қасдан ба дар расонд, ки садо барорад, то бой огоҳ шавад. Ва ҳамин ки бобо ба дарвоза наздик шуд, бой ба даст дастархон аз ошхона баромад.
— Наврўзбой, омадан ба иродат, рафтан ба иҷозат.
— Боракалло!
— Дастархонро пушти по назанед.
— Аз роҳи дур омада бошам ҳам, гушна нестам, бой, – мисли гадо пазироӣ кардани бойро дар назар дошта, гуфт бобо.
Бой аз чунин рафтори бобо ҳайрон буд ва яқин кард, ки ў аз сохтакориаш пай бурда, хафа шуда, баргаштанист, дастархон бар зинаи болохона гузошт ва аз паси бобо омада, беруни дарвоза ўро боздошт.

пешина
аз 279
навбатӣ