Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман хабар карда будам, шуморо Наврўзбой, лекин баъди тўй омадед, баъди тўй нағора лозим нест.
— Нафаҳмидам, ки тўй будааст, вагарна тўёна меовардам...
айби қосид, – гўён бобо лаби дастархонро кушод ва аз лаби нон пучида, ба даҳои андохт ва боз дастархонро пўшида «Муборакбодии амри хайр...» гуфта даст бар рўй кашида қасдан равона гашт.
— Сабр кунед, Наврўзбой...– дастархон ба зинаи дарвозахона гузошта муроҷиат кард бой, – сабр кунед! Рости гапро гўям, шуморо ман ие, волии нав Мўсо таин карда буд. Шунидааст, ки обрави боло ҳарфи шуморо гўш мекунад, мехост ба шумо гўяд, ки ба мардум рў оваред, ки дар вақт-вақташ андозу ҷаримаро супоранд, то губернатору оқпошшо аз мо хафа набошанд...
— Ҳмм, – мад кашид бобо ва нўги асо ба рўи пои рост пахш карда чӣ ҷавоб доданашро надонист.
— Чунин рафтори шуморо фаҳманд, ҷумла олам механданд, ки Наврўзбой аз даргохи Маликбой даҳони хушк рафт.
— Ханданд, хандидан гиранд...
— Ба шумо не, ба ман механданд.
— Агар ба шумо ханданд, ба ман бигирянд, – гуфта бобо ба роҳаш равон шуд.
— Пушаймон мешавед, Наврўзбой!
— Аз чӣ пушаймон мешавам? Чӣ дорам, ки волӣ мегирад? Як ҷон дорам, ки ба ў намерасад... Ё қатори Ашўр...
— Кӣ медонад...
— Доратонро баландтар созед, Маликбой, дунё дунёи шумо,
– гўён рў тофт ва ба ҳамон шасте, ки омада буд, баргашт.
«Одамро ба манфиати худ харидану фурўхтан чӣ маънӣ дорад?
– раҳораҳ андеша мекард бобо.– Ба чунин даргоҳ қадам мондан бемаънигист. Дилам гувоҳӣ дода буд, ки наоям, аммо қисмати Ашўр беқарор кард... Он ҳам маълум нашуд... Гап дигар будааст, дигар: Маликбой ба губернатору волии нав худро ширин карданӣ будааст... ва ман бояд бозичаи дасти ў шаква; мардумро ташвиқ кунам, ки шабро шабу рўзро рўз нагуфта андозро бурда супоранд...
Бетамиз, беандеша! Мардум чӣ дорад, ки бурда супорад? Медошт, Ашўр бурда месупорид... Сарро касе қадр карда метавонад, ки медонад, баъди лаҳзае онро аз танаш ҷудо мекунанд; заҳри морро касе пай мебарад, ки ба танаш давидааст. Нокас... гумон кардам, ки ақаллан дар бораи Мирзониёз чизе мегўяд, даракашро ёфтам, мегўяд; туро гирифта мебарам, набераатро мебинӣ, мегўяд... ба шон ёрӣ диҳем будааст, то номашон барояд, эътиборашон назди калонҳо боло шавад. Ҳм... тавба. Обрўю эътиборро харида мешудааст, сохтан мумкин будааст... Хайр... Фарз кардем, ки сохтӣ, харидӣ...

пешина
аз 279
навбатӣ