Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То кай мепояд? Рўзе мисаш мебарояд... Ба табиати инсон ягон чиз дарс шуда наметавонад, ҳарчӣ дар тинаташ ҳаст, зада мебарояд. Вақте ки аз кардааш пушаймон шуд, мефаҳмад, ки дер шудааст, роҳи паймударо бозгаштан душворӣ дорад, ҳамон қадари дигар вақт лозим, вале барои роҳи навро тай кардан умр бақо намекунад...»
Бобо аз шиддати гашт ва андешаи зиёд сахт арақ кард, вале мондагиашро пай намебурд, гўё арақи тан ҳама кўфту хастагиро аз тани ў рафъ мекард ва ў чолоктар мешуд, вале ҳамин ки аз ҳамвории Ғузор ба адири Дашти Мазор рост шуд, пай бурд, ки ҳангаш намондааст; аз рўи талвосаи ҷон қадам мемонад. Коре карда як пуштаро гузашт ва баргашта нигарист, ки Ғузор метобад ё не. Пушта Ғузорро аз чашм пинҳон медошт ва ў дар сойча нишаст ва баъд дароз кашид, ки нафасашро рост кунад. Ба рўи адири сахти сўхтагиёҳ дароз кашид ва пай бурд, ки нони дар миён бастааш халал мерасонад. Миёнбандро кушода дар паҳлў гузошт, ки баҳузур дам гирад ва ҳамин дам ёдаш омад, ки ду рўз боз чизе нахўрда мегардаду мегардаду мегардад. Дўш дар Варзи Канда Дўстбойро ҳам пайдо накард, ки ҳам шабро дар хонааш гузаронаду ҳам дам гирад ва ҳамаи ин вақте ки бўи нон ба димоғаш зад, ёдаш меоянд, вагарна хўрданро кайҳо фаромўш карда буд.
Камии мадор аз гушнагӣ ҳам будагист. Ў қати миёнбандро кушода, ба нон нигарист, дилаш гум зад, вале наёрист, ки аз он як газ гирад, зеро нами баданаш чунон арақ шуда рехта буд, ки барои тар кардани нон оби даҳонаш намерасид ва акнун ба сараш зад, ки ў бояд ин корро дар хонаи Маликбой мекард; ҳамин хел ният дошт: нонро бароварда лаби дастархони бой гузошта, хўрданӣ буд, аммо насиб накард. Баргашта лаби фўтаро пўшонд. Боз ба пушт зад, сўи осмони баланд нигарист ва дарёфт, ки то ин вақт ин қадар баланд будани осмонро намедонистааст, «Шояд барои баланд буданаш онро ҳафт қабату нўҳ қабат гуфта бошанд... Дар дори баландат ҷонам...» Худро тасаллӣ медод бобо ва баъд ба хаёл рафт, дастонашро паси сар харпанҷа андохта, чашмонашро пўшида, дар ин ҷои танҳову ором, вале санг барин сахт тамоми рўзҳои гузарондаашро бори дигар пеши назар оварданӣ шуд; баду неки оламро дарёфтанӣ шуд, аммо аз чӣ ва аз кадом лаҳза сар карданро надонист: «Ёд оварда намешавад, барои ин як бори дигар зиндагӣ кардан лозим...» Чашм кушод, сар бардошт ва дар дуродур – дар роҳи ҳамвори Ғузору Варзи Канда чизеро дид, ки ба чашмаш бовар намекард: аспу саворе чанги роҳ ба осмон бардошта, ҷониби Ғузор мерафт. Гашти асп ба гашти Ҷиран монанд буд; чорхез не, лўкка не, балки резачорпо мерафт, ки дар чунин гашт савор роҳат мекунад. Аз зери суми ў – тақрибан ду-се қадам дуртар чанг мехезад, ки ба савор ва худи асп намерасад: «Ҷиран, Ҷиран!» дар дил ҳукм кард ў ва парида даст гардонд ва садо кард:

пешина
аз 279
навбатӣ