Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Аё-оз! Аё-оз!» Савор садои ўро нашунид, надид. Дар дили бобо равшание пайдо шуд, вале намехост, ки Аёз ба даргоҳи Маликбой равад. Ў фўтаро аз нав кушода нонро сари санг гузошт ва онро дар сари асо байрақ карда, бардошт ва болои сар гирдгардон мекард, ки Аёз бинад, аммо савор танҳо ба пеш менигарист, ки пушти зин андаке ба пеш майл карда, зудтар ба манзил расидан мехост: «Ҳо-ҳо-ҳо... Аё-о-оз!» байрақ гардонда садо дардод бобо ва ду-се қадам паст ҳам фаромад ва ҳамон зайл рафтан гирифт, хеле рафт ва савор садои ўро нашунида, аспашро резачорпо меронд.
«Вай набудааст, Аёз набудааст» дар дил хулоса кард ў ва рўи санге нишаст. Рўи санг нишасту нон ба хотираш омад, ки рўи санг гузошта буд ва баргашта нигарист, ки хеле дур мондааст: «Сабил, ку мадоре, ки он ҷо бароям» ба ҳавас ҷониби нон менигарист бобо ва намедонист, ки бо кадом қувват он ҷо барояд; намедонист, ки барои нон равад ва ё паст фаромада, роҳи бозгашти саворро бонӣ кунад. «Ҳавай, Ҷиран... Дигар асп ин хел гашт надорад.» Бобо хеле паст фаромада буд, ҷои нонро тахмин мекарду аз пастӣ дида наметавонист; ба ҳавас менигарист. Нишаст. Фўтаро аз нўги асо кушод, аз зери яктак ба миён бастанӣ шуда боз хест, сахт баст ва андеша кард, ки куҷо равад... Асо ба замин тира карда як қадам боло гузошт ва пай бурд, ки мадори то нон расидан надорад, аммо ба нон расидан лозим ва қиссаи «Нон ва китоб» ба ёдаш омада қадами дигар болотар гузошт. «Аз муллобаччае пурсиданд, ки ҳурмати нон баланд аст ё ҳурмати китоб.» Гуфт: «Ҳурмати китоб.» Ва нонро дар тоқи баланд гузоштанд, ки қади муллобачча бар он намерасид. Муллобачча китоб мехонд ва гушна монд.
Хост нон гирад, қадаш нарасид. Чизе наёфт, ки зери пой гузошта нон гирад. Китоб зери пой гузошт ва даст ёзида аз тоқча ионро гирифт...» Бобо қиссаро аз лавҳи хотир мегузаронд ва дам гирифтадам гирифта ва ҳар гаҳ ба роҳи Ғузору Варзи Канда нигашта сўи нон мерафт... Бобо пахлўи санг нишаст, нонро гирифта бўсид, ба чашму абрў молид ва боз ба фўта печонда ба миён баст. Аз куҷое дар танаш қуввае пайдо шуд ва адирро рост тохта фаромад, то ба роҳи калон расида, мунтазири бозгашти Ҷиран шавад. Ў яқин кард, ки ҳамон асп Ҷиран аст ва барои ҳамин фаромад, ки Аёз дар бозгашт сарсон нашавад. «Беҳуда рафт, ўро доштан лозим буд. Хоҳ-нохоҳ бой ба ў ҳарфи хуш намегўяд...» Ва ў ба ҷои он ки ҷониби Киштўд раҳ сипарад, сўи Ғузор равона шуд. Вай аз ин ҷо садои Зарафшонро мешунид, то ба он расидан боз ду ҳазор қадам мондан лозим меомад, аммо ба шунидан ташнагиаш намешикаст...
Сўи Ғузор мерафт, ки зудтар ба асп мерасида бошад. «Агар Ҷиран набошад, кора бало зад, дигар мадор намонд.» Нишаст. Сари баландии лаби роҳ нишаст ва рў ҷониби Ғузор нишаст, ки омадани саворро бинад... Ва савор омад; аз ҷониби дашти Мазор, бероҳа пайдо шуд. Вай ҷониби бобо намеомад, балки ҷилаваш ҷониби кўҳ тофта буд.

пешина
аз 279
навбатӣ