Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 279 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў хастагиашро фаромўш карда парида хест, аммо тохтан ва ё фарёд заданашро надониста, шах шуд. «Чаро ба бераҳа меравад?» ва даст гардонд. «Ноомади корро бин, ман ин сў омадам, вай он сў меравад.» «Аё-о-о-о-оз!» ва ин дафъа ў дастон ба лаб карнай карда фарёд зад, ки дуртар мерафта бошад. «Ман ин ҷо, Аёз! Аёз, ман дар ин ҷо!» Аммо савор садои ўро намешунид ва аспро ба адир рост кард ва оё чизеро пай бурд, ки ба ин тараф
– сўи бобои Наврўз нигарист. Ў зуд-зуд даст гардонд ва мисли кўдак аз ҷой ҷаҳид, ки савор бинадаш. Сонӣ, дид, ки намешавад; савор ба ў эътиборе намедиҳад, миёни ангорро тохт ва нафаҳмид, ки аз куҷо кувват пайдо шуд. Асояшро ба дасти рост гирифта пастию баландиҳои аз огарди ҷуфти баҳорона боқӣ мондаро пас гузошта, метохт... Ва дод, ки асп бозистод. Ў низ дар ҷояш қарор гирифт ва даст гардонд. Савор ҷилави аспро гардонда хеле сўи ў нигарист ва баъде ки бобо боз «Аёз!» гўён фарёд заду пуршаст даст гардонд, вай сари аспро аз адир нишеб кард. Бобо нишаст, акнун баҳузур дам гирифтанӣ буд... Ҷиран аз обканду роҳҳои ноҳамвори адир қадамшумур ба дашт фаромад ва тез гашта зуд ба назди бобо расид ва ба ў салом медодагӣ барин кишна кард.
Бобо нахест. Гўё аз Ҷиран қаҳр карда буд, вале Аёз зуд худро аз асп партофта назди падар омад.
— Чӣ шуд ба шумо?
— Ҳеҷ чиз, монда шудам, – ҷавоб дод бобо, вале чӣ хел пайдо кардани Ҷиранро напурсида, ба даргоҳи Маликбой рафтан-нарафтани ўро дархост кард: – Маликбойро дидӣ?
— Не, додо. Ба хонаи ў нарасида, саиси Маликбой гуфт, ки шумо аз даргоҳи бой қаҳр карда баромадаед ва ҷониби Мазор рафтаед... Парешон шудам, додо... Гуфтам, ки яке Маликбой аз пасатон одам нафиристода бошад.
— Одам фиристода маро чӣ кор мекунад?
— Одам-дия, додо.
Бобои Наврўз чизе нагуфт. Хест, то аспро савор шуда зудтар ба об расад. Падар савору писар пиёда ба роҳ даромаданд.
— Аспро аз куҷо ёфтй?
— Оламро гаштам, додо, наёфтам... Омадам, ки дар болои Некон чарида гаштааст...
— Нагуфтам, ки моли асил худаш меояд, – ба гардани асп даст бурда гуфт бобо.
Ҷиран кишна кард...
...Қисмати Ашўр маълум, Ҷиран пайдо шуд, вале бобо оромӣ надорад; дар бораи Мирзониёз фикр мекунад ва намедонад, ки ў дар куҷост. Ҳамин қадараш маълум, ки ба кадом шаҳри дуре рафтааст; бозомадан ва ё наомаданашро касе намегўяд. Бобо бештар ба ҳамин умед ба даргоҳи дилнокаши Маликбой рафта буд, ки дар хусуси Мирзониёз дараке пайдо мекунад, аммо чизе дарёфт карда натавонист; натавонист, ки дар ин бора ҳарфе пеш орад...

пешина
аз 279
навбатӣ